Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бенизомиҳо дар пойтахти Тунис идома доранд


Дар пойтахти Тунис чун пештара бенизомиҳо идома доранд. Дар шаҳр садои тирандозӣ ба гӯш мерасад, ҳарчанд низомиён хиёбонҳоро таҳти назорат қарор додаанд, шоҳидон дар бораи ҳодисаҳои нави ғорату яғмо хабар медиҳанд. Рӯзи шанбе бар асари бенизомиҳо ва ошӯбу оташсӯзҳо дар Тунис даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Аз ҷумла, як талоши фирор аз маҳбаси шаҳри Монастир мунҷар ба ҳалокати дасти кам 42 нафар шуд.
Фаёд Мебаза, раиси парлумон, ки дирӯз ба ҳайси раисиҷумҳури муваққати Тунис савганд ёд кард, ба зарурати таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ бо ширкати мухолифин то интихоботи нави раёсатҷумҳурӣ таъкид намуд. Ба думболи ин раҳбари ҷунбиши исломии “Ан-Наҳҳда” ё “Эҳё” Рашид Ғанушӣ, ки 20 соли ахир дар хориҷи кишвар ба сар мебурд, дар бораи тасмими бозгашташ ба Тунис хабар дод. Дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтер ӯ гуфт, монеъаҳое, ки садди роҳи бозгашташ ба кишвар буданд, бартараф шудаанд.
Тавре хабар дода будем, раисиҷумҳури Тунис Зайнулобиддин бини Алӣ шоми рӯзи ҷумъа ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш аз кишвар фирор кард ва айни ҳол дар Арабистони саудӣ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG