Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии дуввумаш дар сабқати гурӯҳии мусобиқоти байнулмилалии Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург аз тими «Интер»-и Озарбойҷон бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи «А» 16-уми январ дар Маҷмааи варзишиву фарҳангии «Петербург» баргузор шуд. Ҳисобро дар ин дидор легионер Бронислав Червенка, нимҳимоятгари тими миллии Македония, дар дақиқаи охирини нимаи аввал боз кард.

Дар нимаи дуввуми бозӣ қаҳрамони Озарбойҷон ба дарвозаи қаҳрамони Тоҷикистон боз ду голи дигар зад.

Легионери латвиягӣ Гиртс Карлсонс голи дуввумро дар дақиқаи 63-юм ба самар расонд.

Шаҳриёр Рагимов, бозигари «Интер», ки дар нимаи дуввум ба майдон омад, 10 дақиқа қабл аз анҷоми қувваозмоӣ ҳисобро афзун намуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «А» дастаи «Искра-Стал»-и Молдова бар дастаи «Нефтчӣ»-и Қирғизистон бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб «Интер» бо 6 имтиёз дар ин гурӯҳ пешсаф аст ва сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш бо «Искра-Стал»-и Молдова, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

«Искра-Стал»-и Молдова бо 4 имтиёз дар ҷои дуввум қарор гирифтааст. «Истиқлол» бо як имтиёз севвум аст.

Ҳарду даста барои роҳхати дуввум талош доранд. «Истиқлол» бозии охиринашро дар сабқати гурӯҳӣ 18-уми январ бо тими «Нефтчӣ»-и Қирғизистон анҷом хоҳад дод. Вале футболбозони қирғиз, ки бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгиранд, имкони ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро аз даст додаанд.

Мусобиқоти байнулмилалии Ҷоми Иттиҳод-2011 бо ширкати 16 даста дар чаҳор гурӯҳ ҷараён дорад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин дар даври чаҳорякниҳоӣ, ки 19-уми январ доир мешавад, иштирок хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG