Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаш сокини осоишта дар таркише дар Ҳилманд


Дар Афғонистон бар асари инфиҷори бомби канори роҳ шаш сокини осоишта кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамаи онҳо савори автобусе буданд, ки дар як роҳи вилояти ҷанубии Ҳилманд ба бомб бархӯрд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, миёни қурбониён як зану як тифл низ ҳастанд.
Дар вилояти Вардак, воқеъ дар шарқи кишвар, дар ҷараёни амалиёти муштараки нерӯҳои байнулмилалӣ ва афғон ду ҷангии мухолифи ҳукумат ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин ду нафари гумонбар дар узвият ба гурӯҳи ифротгаро боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG