Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як осебдида дар ҳамлаи Аризона


Вазъи узви Конгресс Амрико Габриэл Гиффордс, ки ҳангоми ҳамла дар шаҳри Тусони Аризона ҷароҳати сангин бардоштааст, ҳанӯз ҳам вахим боқӣ мемонад ва аммо табибон рӯзҳои ахир раванди беҳбудро мушоҳида кардаанд. Ахиран табибон ба ӯ иҷозаи нафаскашии озодро доданд.
Рӯзи 8 январ бар асари тирандозӣ дар мавзеъи Тусони Аризона шаш нафар, аз ҷумла як духтарчаи нӯҳсола ва як додраси федеролии Амрико кушта ва 14 тан, аз ҷумла, хонум Гиффордс маҷрӯҳ шудаанд. Ҳодиса дар ҳоле рӯх дод, ки Габриэл Гиффордс бо сокинони Аризона мулоқот мекард. Ба қотил Ҷаред Ли Лафнер, ки боздошт шудааст, ҳукми абад таҳдид мекунад.
Дар ҳамин ҳол яке аз осебдидагон Ҷеймс Фуллер, ки бо ҷароҳатҳои сабук ду рӯз дар бемористон буд, ахиран аз сӯи кормандони полис боздошт шуд . Ҳангоми сабти барномаи телевизонии шабакаи АВС Фуллер раиси Ҳизби муҳофизакори чойнӯшӣ дар Тусон Трент Ҳампфрисро таҳқир кард ва таҳдид намуд, ки “Ту мурдӣ!”. Тафтиши қазия идома дорад.
XS
SM
MD
LG