Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мебаза хостори таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Тунис шуд


Бар асари бенизомиҳо ва ошӯбу оташсӯзҳо дар Тунис даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Дар маҳбаси шаҳри Монастири Тунис бар асари сӯхтор ва тирандозӣ дасти кам 42 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи шоҳидон, сӯхтор кори дасти худи маҳбусон буд, ки мехостанд бо истифода аз он аз маҳбас фирор кунанд ва аммо ҳадафи тири нозирон қарор гирифтанд. Айни ҳол низомиён хиёбонҳои пойтахти Тунисро таҳти назорат қарор додаанд ва талоши ҷилавгирӣ аз ғорату яғморо доранд.
Дар ҳамин ҳол раҳбари ҷунбиши исломии “Ан-Наҳҳда” ё “Эҳё” Рашид Ғанушӣ, ки 20 соли ахир дар хориҷи кишвар ба сар мебурд, дар бораи тасмими бозгашташ ба Тунис хабар дод. Дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтер ӯ гуфт, монеъаҳое, ки садди роҳи бозгашташ ба кишвар буданд, бартараф шудаанд.
Фаёд Мебаза, раиси парлумон, ки дирӯз ба ҳайси раисиҷумҳури муваққати Тунис савганд ёд кард, ба зарурати таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ бо ширкати мухолифин то интихоботи нави раёсатҷумҳурӣ таъкид намуд.
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ҳазорон сайёҳон аз кишварҳои аврупоӣ ба таври оҷил Тунисро тарк мегӯянд.
Тавре хабар дода будем, раисиҷумҳури фироркардаи Тунис Зайнулобиддин бини Алӣ ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш дар Арабистони саудӣ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG