Пайвандҳои дастрасӣ

Дар вокуниш ба эътирозҳои дастҷамъонаи мардуми Тунис ва фирори раисиҷумҳури худкомаи ин кишвари арабӣ як гурӯҳи тазоҳуркунандагони мисрӣ дар баробари сафорати Тунис дар маркази шаҳри Қоҳира гирд омада, аз ин таҳаввулоти сиёсӣ истиқбол карданд.

Хабаргузориҳои ин кишвар навиштаанд, тазоҳуркунандагони мисрӣ, ки аз ҳама сӯ тавассути нерӯҳои амниятӣ муҳосира шудаанд, шиорҳои “Ин бор навбати мисриҳост!” садо медиҳанд.

Фирори президент пас аз 23 соли ҳукмронӣ

Эътирозҳо дар Тунис, ки оғози он ба афзоиши нархҳо, бекории мардум ва фасод дар мақомоти давлатӣ рабт дошт, дар пайи куштани шудани чандин тан аз эътирозгарон ба дасти пулис шиддат гирифт ва ин амр боиси фирори раисиҷумҳури Тунис Зайнулобидин бин Алӣ ва аъзои хонаводаи вай аз ин кишвар шуд.

Зайнулобиддин бин Алӣ тайи 23 соли ахир раисиҷумҳури Тунис буд
Дирӯз мақомоти Арабистони Саудӣ эълон карданд, ки раисиҷумҳури гурезаи Тунис ва аъзои хонаводаи вай ба Арабистони Саудӣ расидааст. Зайнулобидин бин Алии 74-сола тайи 23 соли ахир раҳбари яккатози Тунис буд.

Ин таҳаввулот дар ҳоле сурат гирифт, ки Бин Алӣ қаблан ҳукуматашро ба истеъфо фиристода ва хостори баргузории интихоботи зудрас дар шаш моҳи оянда шуда буд. Аммо ошӯб ва эътироз идома карда, на танҳо пойтахти Тунис, балки ҳамаи шаҳрҳои бузурги онро фаро гирифт.

Додгоҳи Қонуни асосии Тунис раиси парлумон Фуад Мебазаро кафили раёсатҷумҳурӣ эълон кардааст.

"Инқилоби ёсуманӣ"

Бархе аз нозирони авзоъ рӯйдодҳои Тунисро "Инқилоби ёсуманӣ" ном ниҳоданд. Эълони вазъи изтирорӣ ва қуюди шабгардӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ошӯбҳо идома доранд ва полис дар муқобили мӯътаризон аз гази ашковар ва гоҳе мошинҳои оташфишон истифода мекунад. Дар ошӯбу тазоҳуроти чанд рӯзи гузашта, бино бар хабарҳои расмӣ 36 нафар кушта шудаанд.

Раҳбарони мухолифон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, теъдоди кушташудагон ба маротиб бештар аст.

Акнун бино бар қоидаҳои вазъи изтирорӣ ҳама гуна ҷамъомадҳои оммавӣ манъ шудаанд. Эътирозҳо дар ҳоле оғоз ёфтанд, ки раисиҷумҳури Тунис ваъдаи озодиҳои бештар дод ва гуфт, баъд аз даври шашуми раёсаташ дар соли 2014 ба истеъфо хоҳад рафт.

Бин Алӣ дар соли 1987 зимни як табаддулоти осишта дар Тунис ба қудрат расид ва аз он вақт то 14-уми январи соли 2010 раҳбари ин кишвар буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG