Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши фирор аз маҳбас бо фоҷиа поён ёфт


Дар маҳбаси шаҳри Монастири Тунис бар асари сӯхтор ва тирандозӣ дасти кам 42 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи шоҳидон, сӯхтор кори дасти худи маҳбусон буд, ки мехостанд бо истифода аз он аз маҳбас фирор кунанд. Аммо нозирон сӯи маҳбусон оташ кушоданд.
Дар пойтахти Тунис низ рӯзи шанбе садои тирпарронӣ ба гӯш мерасад. Гуфта мешавад, ки афроди либоси мулкӣ дар тан ва савори мошинҳо сӯи мардум ва биноҳо оташ мекушоянд. Хабаргузории Ройтерс бо такя ба манобеъаш дар доираҳои низомӣ иттилоъ додааст, ки онҳо кормандони хадамоти вижаи содиқ ба раисиҷумҳури фироркарда Зайнулобиддин бини Алӣ мебошанд.Ба хотири таъмини тартибот баъд аз хушунату ғорат ва оташсӯзиҳои ахир дар пойтахт низомиён ва зиреҳпӯшҳо сафарбар шудаанд.
Раисиҷумҳур Зайнулобиддин бини Алӣ ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш айни ҳол дар Арабистони саудӣ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG