Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи бенизомиҳо дар Тунис


Дар пойтахти Тунис, бар пояи иттилоъи ахир, садои тирпарронӣ ба гӯш мерасад. Гуфта мешавад, ки афроди либоси мулкӣ дар тан ва савори мошинҳо сӯи мардум ва биноҳо оташ мекушоянд. Хабаргузории Рейтер бо такя ба манобеъаш дар доираҳои низомӣ иттилоъ додааст, ки онҳо кормандони хадамоти вижаи содиқ ба раисиҷумҳури фироркарда Зайнулобиддин бини Алӣ мебошанд.
Ба хотири таъмини тартибот баъд аз хушунату ғорат ва оташсӯзиҳои шаби гузашта дар пойтахт низомиён ва зиреҳпӯшҳо сафарбар шудаанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, истгоҳи роҳи оҳани Тунис баъд аз оташсӯзии шаби гузашта ба хароба табдил ёфтааст, ҳама мағозаҳои он аз сӯи афроди номаълум ғорат карда шуданд.
Аз ин пеш Додгоҳи Қонуни асосии Тунис раиси парлумон Фуад Мебазаро кафили раёсатҷумҳурӣ эълон кард. Вокуниши сарвазир Муҳаммад Ғанушӣ, ки баъди фирори раисиҷумҳур раҳбарии кишварро бар дӯш гирифтааст, маълум нест.
Зайнулобиддин бини Алӣ, раисиҷумҳури фироркардаи Тунис, ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш субҳи рӯзи шанбе вориди Арабистони саудӣ шуд.
Намоишҳои эътирозӣ алайҳи бекории мардум ва фасод дар мақомоти давлатӣ дар Тунис чанд рӯз пеш шурӯъ шуда буданд. Дар бархӯрд бо кормандони полис ва низомиён даҳҳо тан аз эътирозгарон ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG