Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сар аз рӯзи шанбеи 15-уми январ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон амалиёти вижаи “Шиноснома” оғоз ёфт, ки ҳадаф аз он ошкор кардани афродест, ки дар ин ҷо бе қайди расмӣ иқомат мекунанд.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни ин амалиёт ҳамчунин афроде, ки ғайриқонунӣ аз манозили маскунӣ истифода мекунанд, ошкор карда хоҳанд шуд.

Сухангӯи шаҳрдори Душанбе афзуд, барои гузаронидани ин амалиёт як ситоди вижа таъсис ёфтааст, ки ба он маъмурони амниятӣ, пулис, раёсати андоз шомил буда, раҳбарии онро Насрулло Хайруллоев, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе ба ӯҳда дорад.



Шавкат Саидов мегӯяд, дар сурати ошкор шудани афроде, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд, аз рӯи қонунҳои кишвар чораҳо дида хоҳанд шуд.

Бар асоси омори расмӣ, дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон. бештар аз 730 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Вале бар асоси иттилои манобеи ғайрирасмӣ, дар пойтахти кишвар зиёда аз як миллион нафар зиндагӣ мекунанд, ки шаҳрдорӣ дар таъмини онҳо бо нақлиёти мусофирбар, оби ошомиданӣ, хадамоти коммуналӣ ва барқ азият мекашад.

Бо ин ҳол коршиносон мегӯянд, амалиёти “Шиноснома” дар пайи ноамниҳои шарқи Тоҷикистон ва фирори маҳбусон аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ сурат мегирад.

Амалиёти “Шиноснома” то як моҳ идома карда, 15-уми феврал ба анҷом хоҳад расид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG