Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоъи сиёсӣ дар Қарочӣ боиси куштори 17 нафар шуд


Рӯзҳои ахир дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Қарочии Покистон аз сӯи афроди ношинос дасти кам 17 нафар кушта шудаанд. Ба навиштаи хабаргузории Рейтер, миёни кушташудагон як хабарнигори маҳаллӣ низ ҳаст. Коршиносон афзоиши хушунат дар минтақаро бо муборизаи миёни аҳзоби ворид ба эътилофи ҳоким марбут мекунанд. Низоъ миёни нерӯҳои сиёсӣ солҳо боз идома дорад ва кушторҳо, таври маъмул, ба хотири интиқом сурат мегиранд.
Дар ҳамин ҳол дар наздикиҳои мавзеъи Дараи Мурод Ҷамолии вилояти Балуҷистон ҷангиёни покистонӣ 14 мошин бо маводи сӯхт барои нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистонро оташ заданд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, дар ин ҳодиса як ронанда ҷароҳат бардоштаст. Ҷангиёни покистонӣ пайваста ба корвони мошинҳое ҳамла мекунанд, ки аз бандари Қарочӣ барои низомиёни ИМА ва НАТО дар Афғонистон маводи сӯхту таҷҳизоти техникӣ мебаранд.
XS
SM
MD
LG