Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Тунис ба назорати хиёбонҳо шурӯъ карданд


Низомиёни Тунис баъд аз шаби ноороме, ки дар давоми он ғорату яғмо идома дошт, ба назорати хиёбонҳои пойтахт шурӯъ карданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, истгоҳи роҳи оҳани Тунис баъд аз оташсӯзии шаби гузашта ба хароба табдил ёфтааст, ҳама мағозаҳои он аз сӯи афроди номаълум ғорат шуданд.
Дар ҳамин ҳол Зайнулобиддин бини Алӣ, раисиҷумҳури фироркардаи Тунис, ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш субҳи рӯзи шанбе вориди Арабистони саудӣ шуд. Ваколатҳои раисиҷумҳури Тунисро сарвазир Муҳаммад Ғанушӣ бар дӯш гирифтааст, ки ӯро Зайнулобиддин бини Алӣ чанд соат пеш аз тарки кишвар аз мақом барканор карда буд.
Намоишҳои эътирозӣ алайҳи бекорӣ ва фасод дар мақомоти давлатӣ дар Тунис чанд рӯз пеш шурӯъ шуданд. Дар бархӯрд бо кормандони полис ва низомиён даҳҳо тан аз эътирозгарон ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG