Пайвандҳои дастрасӣ

Дафтари СММ дар Непал баста мешавад


Имрӯз фаъолияти дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Непал хотима меёбад. Ин дафтар чаҳор сол пеш бо қарори СММ ба хотири назорати раванди сулҳ баъд аз хатми ҷанги даҳсола миёни гурӯҳҳои маоистӣ ва ҳукумат таъсис шуда буд. Бар ин ҷанг дасти кам 16 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
Тасмим дар бораи бастани дафтар моҳи сентябри соли гузашта гирифта шуда буд. Дабири Кулли СММ Бан Ки Мун изҳор намуд, дар ҳоле, ки тайи ин солҳо ҷонибҳо дар ҳалли мушкилоти сиёсӣ ба пешравие муваффақ нашудаанд, ба ҳузури намояндагони СММ дар Непал ниёзе нест.
XS
SM
MD
LG