Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози боздид аз таъсисоти ҳастаии Эрон


Имрӯз боздиди дурӯзаи намояндагони бархе кишварҳо аз таъсисоти ҳастаии Эрон шурӯъ мешавад. Дипломатҳои чанд кишвар, аз ҷумла,Миср, Венесуэла, Куба ва Сурия вориди Теҳрон шудаанд. Русия, Чин ва Иттиҳодияи Аврупо пешниҳоди Эрон барои боздид аз муассисаҳои ҳастаии кишварро напазируфтанд. Теҳрон аз даъвати намояндагони ИМА, Бритониё, Фаронса ва Олмон ба кишвар худдорӣ кардааст.
Бархе аз дипломатҳои ғарбӣ даъвати Теҳронро чун талоши рахна кардани мавқеъи ягонаи шаш кишвари пешрафта дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон арзёбӣ намуданд. Қарор аст, ки охири ҳамин моҳ дар шаҳри Истамбули Туркия даври навбатии музокироти Эрон ва панҷ кишвари узви доимии СММ ба изофаи Олмон оид ба барномаи ҳастаии Эрон баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG