Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари фироркардаи Тунис ба Ҷидда омад


Зайнулобиддин бини Алӣ, раисиҷумҳури фироркардаи Тунис, субҳи рӯзи шанбе вориди Арабистони саудӣ шуд. Дар ин бора хабаргузории Франс-Пресс бо такя ба манобеъаш дар Ҷидда иттилоъ додааст.
Дар худи Тунис ваколатҳои раисиҷумҳурро сарвазир Муҳаммад Ғанушӣ бар дӯш гирифт, ки ӯро раисиҷумҳур чанд соат пеш аз тарки кишвар аз мақом барканор карда буд.
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аз аъмоли намоишгарони тунисӣ ситоиш кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки дар ояндаи наздик дар ин кишвар интихоботи озоду одилона сурат мегирад. Иттиҳодияи Аврупо ҳам аз мардуми Тунис ҳимоят намуд ва эълом дошт, ки талошҳои демократӣ бояд аз роҳи осоишта сурат бигиранд.
Намоишҳои эътирозӣ алайҳи бекорӣ ва фасод дар мақомоти давлатӣ дар Тунис чанд рӯз пеш шурӯъ шуданд. Дар бархӯрд бо кормандони полис ва низомиён даҳҳо тан аз эътирозгарон ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG