Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздид аз таъсисоти ҳастаии Эрон бидуни ҳузури Чин, Русия ва ИА


Тибқи гузоришҳо, пешниҳоди Эрон барои боздид аз таъсисоти ғанисозии ин кишвар дар Натанз ва Оби Сангини Арок, аз сӯи Чин, Русия ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо рад шуда ва қарор аст бо ҳузури бархе дигар аз кишварҳо баргузор шавад.

Ассошиэтед Пресс рӯзи ҷумъа гузориш дод, Алӣ Асғар Султония бидуни ишора ба ин, ки чи кишварҳое даъват шудаанд ва чӣ кишварҳое ин даъватро рад кардаанд гуфт, ки «намояндагони бархе аз ғайримутааҳидҳо, бархе аз кишварҳои Иттиҳодияи Араб, бархе аз кишварҳои дар ҳоли тавсеа ва низ намояндагони Венесуэла ва Сурия» дар ин боздид ҳузур хоҳанд дошт.

Бо ин ҳол, чанд соъат дертар, Алӣ Асғар Султония таъйид кард, ки аз Чин ва Русия даъват шуда буд ва ҳар ду ҳам ин даъватро рад кардаанд.
Ассошиэтед Пресс дар гузориши худ мегӯяд Чин ва Иттиҳодияи Аврупо дар ҳамон ибтидо ин даъватро рад карданд. Дипломатҳои огоҳ ҳам ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки Суис, Русия, Туркия ва Бразилия даъватро рад накардаанд, аммо ба он посухе ҳам надодаанд.

Суис, ки ба унвони яке аз миёнҷиёни парвандаи ҳастаии Эрон амал кардааст, аз ҷумла кишварҳое аст, ки ин даъватро рад кардааст. Вазири хориҷаи ҷумҳурии Суис гуфт: «Мо ин даъватро рад кардем, кишварҳое ҳам, ки тафаккурашон ба мо наздик аст ҳам, ҳамин корро карданд.»

Ин боздид дар ҳоле қарор аст анҷом шавад, ки ба зудӣ гуфтугӯи гурӯҳи панҷ ба иловаи як бо Эрон дар мавриди парвандаи ҳастаии Эрон қарор аст дар Истанбул баргузор шавад. Ассошиэтед Пресс навиштаааст, ба назар мерасад Эрон барои заъиф сохтани мавзеи гурӯҳи 5+1 ба чунин коре даст задааст.

Русия ва Чин, ки аз аъзои гурӯҳи 5+1 ҳастанд. ба дигар аъзо пайваста ва ин даъватро рад кардаанд. Ҳарчанд Эрон пештар эълом карда буд аз бархе кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо даъват ба амал овардааст, вале аз Фаронса, Бритониё, Олмон даъват накардааст.

Алӣ Асғар Султония, сафири Эрон дар Ожонси байналмилалӣ энержии атомӣ ин масъала, ки даъвати ёдшуда барои эҷоди шикоф дар кишварҳои музокиракунанда бо Эрон бударо рад кард ва гуфт: «Мо фақат як фурсат эҷод кардем, ки биёянд ва таъсисоти атомии моро бубинанд, вале хуб, агар муштоқ нестанд, мо ба тасмими онҳо эҳтиром мегузорем.»

Алӣ Акбар Солеҳӣ, сарпарараст вазорати хориҷаи Эрон ҳам пештар гуфта буд, музокироти Истанбул дар бораи парвандаи атомӣ нахоҳад буд. Гуфтаи оқои Солеҳӣ вокуниши сухангӯи Кэтрин Эштон, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ро ба ҳамроҳ дошт, ки гуфт масъалаи атомӣ дар музокироти 5+1 матраҳ мешавад.

Амрико боздид аз таъсисоти атомии Эронро ба тамасхур гирифта ва гуфтааст, ки Эрон ба ҷои даъват, ба бозрасонҳои Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ бояд иҷоза диҳад, ки озодона ба вазифаҳои худ амал кунанд.
Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ба фаъолиятҳои атомии Эрон бадгумон ҳастанд ва онро талоше барои дастёби ба бомбаи атомӣ медонанд. Эрон мегӯяд барномаи ҳастаиро барои тавлиди барқ дунбол мекунад.
XS
SM
MD
LG