Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Тунис зимоми қудратро ба даст гирифт


Сарвазири Тунис Муҳаммад Ғаннушӣ мегӯяд, ки президенти ин кишвар Зайналобидин Бен Алӣ кишварро тарк намуд ва аз ин рӯ, ӯ муваққатан раҳбарии Тунисро бар дӯш мегирад. Шоми ҷумъа Ғаннушӣ тариқи телевизиони Тунис изҳор намуд, ки дар паи эътирозҳои васеи мардумӣ Бен Алӣ аз хоки Тунис берун шуд. Тақозои истеъфои Бен Алӣ замоне матраҳ шуд, ки нерӯҳои амниятии Тунис дар пойтахти ин кишвар ба тарафи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ оташ кушода, камаш 70 нафарро ба ҳалокат расонданд.

Эътирозҳо тахминан як моҳ пеш дар шаҳрҳои дурдасти Тунис оғоз ёфтанд. Эътирозгарон таъмини кор ва мубориза бо фасодро ҳадафи худ қарор дода буданд. Рӯзи ҷумъа дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ҳамаи ҷонибҳоро ба таҳаммул даъват намуда, тақозо кард, ки бӯҳрони Тунис аз роҳи музокирот ҳал шавад. Дар ҳамин ҳол ширкатҳои сайёҳӣ саъй доранд, туристони дар ин кишвар банд мондаро ба ватанҳояшон баргардонанд. Туризм яке аз соҳаҳои асосии даромади Тунис мебошад.

XS
SM
MD
LG