Пайвандҳои дастрасӣ

Нороҳатии занҳои мариз аз муоина дар назди духтури мард падидаи нав нест. Агар барои гурӯҳе ҷинсияти духтур аҳамият надошта бошад, барои аксарият муҳим аст, ки табобати занҳоро духтури зан анҷом диҳад.

Дар Тоҷикистон ҳудудан 90 дарсади ҷарроҳон мардҳоянд. Духтурони ботаҷриба мегӯянд, “табиб ҷинс надорад” ва аз ин рӯ дар ҳолатҳои бӯҳронӣ гузоштани сарҳади ҷинси миёни табибон ҷоҳилӣ аст. Инсон бояд на аз табобат, балки аз рафтор, кирдор ва амалҳои нодурусти худ шарм дорад, мегӯянд онҳо.

Аммо ба иллати ангуштшумор будани ҷарроҳони зан аксари маризон аз табобат дар назди духтур худдорӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ҷарроҳони зан танҳо дар беморхонаҳои пойтахт фаъолият мекунанд. Онҳое, ки тавони таҳаммули дардро намекунанд, аз навоҳии дурдаст барои ҷарроҳӣ ба назди ҳамин духтурони зан меоянд. Вазорати беҳдошт низ аз вазъ бохабар аст ва талош дорад, ба мушкили занҳо расидагӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG