Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мармузи маҳбус дар зиндони узбакӣ


Хешовандони маҳбуси фавтида дар яке аз зиндонҳои Узбакистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба фикри онҳо ин маҳбус то мурдан латту кӯб шудааст.

Ҷасади Абдулфаттоҳ Раҳимохунови 48-сола рӯзи сешанбеи 11-уми январ ба наздиконаш супурда шуд. Дар шаҳодатномаи марги Раҳимохунов навишта шудааст, ки ӯ 8-уми январ дар зиндони Ҷаслик аз сактаи қалбӣ вафот кардааст. Онҳо илова кардаанд, ки мақомот ба муоинаи мустақили ҷасад иҷозат надода, дафни фаврии маҳбуси тақозову назорат кардаанд. Хешовандони Раҳимохунов мегӯянд, ӯ ҳеҷ беморӣ надошт, вале баъди навиштани аризаи шикоятӣ аз муомилаи бади нозирон мавриди таъқиби бештар қарор гирифт. Дар ду ҳафтаи ахир ин дуюмин ҳодисаи марги маҳбус дар зиндони Ҷаслик аст, ки дар он хешовандон нозирони маҳбусро гунаҳгор мешуморанд.
Моҳи ноябр маҳбусони зиндони Ҷаслик гуруснанишинӣ эълон намуда, талаб карданд, ки “бародарони мусулмон”-и онҳо аз утоқҳои ба истилоҳ “тарбиявӣ” берун бароварда шаванд.

XS
SM
MD
LG