Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А. Иброҳим: «Ҳақиқати таърихро бигӯем»


Аҳмади Иброҳим
Аҳмади Иброҳим

Нахустин китоби таълифкардаи Аҳмади Иброҳим, журналисти тоҷик бо номи «Ҷаҳиши охирини бабр» бо ширкати масъулони давлатӣ, олимону нависандагон ва хабарнигорон дар маркази шаҳри Кӯлоб муаррифӣ шуд.

Ин китоб, ки маҷмӯъи ҳикояҳои эҷодкардаи Аҳмади Иброҳим дар тӯли ҳафт соли ахир аст, дар меҳвари он масоили таърихӣ ва ба хусус қаҳрамонии фарзандони баруманди тоҷик қарор гирифтааст. «Ҷаҳиши охирини бар» низ аз номи яке аз ҳикояҳои сегона гирифта шуда ва ҳамроҳ бо ҳикояҳои «Савораи урён» ва «Хиёнат» повести адабиеро ташкил медиҳад.

Бедодгариҳои ғосибонаи юнониҳо бо сарварии Александр ва муборизаи беамону мардонавори халқи тоҷик бо сарварии Спитамен дар меҳвари ин китоб қарор гирфтааст, ки ба гуфтаи муаллиф, метавонад, ҳуввияти миллии ҷавонони имрӯзи Тоҷикистонро бедор кунад.

«Ҷаҳиши охирини бабр» нахуст бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти «Мушфиқӣ» дар аввалҳои соли гузашта чоп шуда буд, аммо дар пайи селобе, ки моҳи майи ҳамон сол ба шаҳри Кӯлоб омад, бештарин нусхахои китобро ба коми худ фуру бурд. Дар ниҳоят охири соли гузашта бо кумаки дӯстон Аҳмади Иброҳим ин китобро бо теъдоди 1000 нусха дар интишороти «Истеъдод» мунташир гардонид.

Радиои Озодӣ бо Аҳмади Иброҳим суҳбате анҷом дод. Суоли нахуст аз ӯ сабаби таълифи ин маҷмӯъа буд.

А. Иброҳим: «Ҷаҳиши охирини барб» ҳамроҳ бо ҳикояҳои «Савораи урён» ва «Хиёнат» дар жанри повест таълиф шудааст. Ҳадафи аслии ман аз тариқи эҷоди маҷмӯаи насрӣ бедор кардани ҳуввияти миллии ҷавонон аст. Гумон дорам, ки марҳилаи таърихие, ки дар повест бозтоб шудааст, як давраи муҳими ҳаёти аҷдодони миллати тоҷик, суғдиҳоро дар бар мегирад, ки ба мубориза алайҳи ғосибони Юнон, ба сарварии Александр бармехезанд ва қаҳрамониҳои бемисл нишон медиҳанд ва дар маркази ин ҳама муборизаҳо худи Спитаман қарор дорад. Спитамен, ки метавонад симои миллати тоҷик бошад. То ин замон мардум ақида доштанд, ки ин мардум миллати шамшерзан набуд, сарпасту мазлум буд ва ҳар касе, ки мехост ӯро озор медод, аммо на чунин аст. Зеро муқовимати шадидтаринро дар муқобили 11 легиони Александр, маҳз неруҳои суғдӣ, ба истилоҳ, аждодони форсу тоҷик нишон доданд. Шамшере, ки Спитаман бар сари Александ мезанад, ин зарбаи аввалин ва гумон дорам охирин буд ва тири тахорие, ки ба рони пойи Александр зада шуд, дар ҳаминҷо дар наздикии Киерсхата, Уротеппаи имрӯза ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳамаи ин нишондиҳандаи он аст, ки қаҳрамонӣ ва фидокории бузургони миллати тоҷик дар муқобили аҷнабиҳо беҳамто аст ва бояд мардум инро донанд.

Суол: -Ҷаноби Иброҳим шумо дар миёни ҷомеа ҳамчун журналист маъруф ҳастед. Аммо ин китоби нахустини шумост, оё дар оянда низ китобе таълиф хоҳед кард?

А. Иброҳим: -Бале ин китоби нахустини ман аст ва як ҳафта пеш аз муаррифии он бо ширкати олимону нависандагон ва масъулони шаҳрдории Кӯлоб, Зулайхо Комилова, муовини шаҳрдор аз ман пурсид, ки ин китоби чандуми шумост, ки ман дар посух гуфтам, аввалин ва охирин. Чунки ман гумон дорам бо таълифи ин маҷмӯъа ба ҳадаф хоҳам расид. Аммо ба ҳангоми муаррифии китоб олимони машҳури ин минтақа - Зафари Мирзоён ва Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов ва ҳамчунин, муовини шаҳрдор Зулайхо Комилова, ки бисёр бофарҳанг ҳастанд, ба истилоҳ, маро қасам доданд, ки ин маҷмӯъа бояд охирин набошад. Ба ин хотир тасмим дорам, ки боз чизе дар бораи қаҳрамони қабилаи тахории суғдиҳо — Катан бинависам. Ҳамчунин имкон даст диҳад, дар бораи Куруш ҳам хоҳам навишт. Муҳим аз ҳама мақсад дорам, ки макети Хуросони Бузургро тахминан дар 20 сотих ва ё 0,2 гектар замин бисозам. Албатта аз он ҷое, ки Александр дар Гавгамел бо қушуни Доро бархӯрда буд, оғоз хохам кард ва то охирин нуқтаи ҳамин сарзамин, ки то ба Ҳиндустон тӯл мекашад.

Суол: -Ин қадар таваҷҷӯҳ ба ин масъала аз куҷо маншаъ мегирад ва чӣ шуморо ба ин водор кардааст?

А. Иброҳим: -Албатта аз даврони мактабхонӣ таваҷҷӯҳи ман ба таърих бештар шудааст ва ман дидаам, ки дар китобҳои таърих ба ҷуз сафсата чизи дигаре нигошта нашудааст. Дар бораи Исмоили Сомонӣ чунон сухан меравад, ки гӯё Исмоили Сомонӣ дар мактаби миёнаи ҳамагонии 11-сола таҳсил карда бошад. Мана ҳамон бозувони дарози Каюмарс ё дигару дигар қаҳрамонони миллат ва китфҳои се ё чор метра ва ё 10—15 газ доштани қади аҷдодони мо ин ҳама сафсатаро барои кӯдакон дар китобҳои таърих, адабиёт ва хониш дарҷ кардаанд, ки ин миллатро гумон дорам насли наврасро ба нестӣ мебаранд.

Суол: -Яъне мақсади шумо бештар ба хонандаи имрӯзи Тоҷикистон, ба ҷавонон ошно кардани он таърихи воқеӣ ва ҳақиқии миллати тоҷик аст, бале?

А. Иброҳим: -Бале, шумо дуруст фаҳмидед. Бояд ҳақиқати таърихро бигӯему бинависем. Ман барои таълифи ҳамин ҳикояи сегона ё повест, ҳудуди 30 сарчашмаи таърихиро, аз Алтхайм, Юстин, Курсий сар карда то Арён, ки инҳо муаррихони бузурги тамоми давру замонҳоянд. Бисёре аз инҳо мувофиқ нестанд, ки ин миллатро васф кунанд, аммо ҳақиқатро нигоштаанд. Дар онҷо онҳо аз хунхории Александр навиштаанд. Масалан, дар китобҳои онҳо гуфта шудааст, ки аз Кидесхата то Марқанд, То Самарқанд, 200 ҳазор мардуми бумиро аз дами теғ гузаронд. Имрӯз ҳатто доираҳое ҳастанд, ки Александри Македониро ба Искандари Мақдунии дар Қуръон дар борааш навишта шуда, баробар мекунанд, ки ин интавр нест. Он Искандаре, ки Худованд дар борааш дар Қуръон овардааст, анқариб паёмбар аст ва пок аст. У намунаи олии роҳбар ва раҳбарӣ дар сартосари ҷаҳон аст. Аммо ин Александр ба ҷузъ шӯҳрат, ба ҷузъ худхоҳӣ, ба ҷузъ танпарастӣ чизе дигар надорад. Дуруст аст, ки ин қаҳрамон аст барои миллати худ ва зӯри бозувони зиёд дошт. Дуруст аст, ки маҳорати ҷангӣ ва лашкаркашии беҳамто дошт, аммо ботинан он қадар пок набуд.
XS
SM
MD
LG