Пайвандҳои дастрасӣ

Ду ҳукми "сафед"-и додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол


Нусратулло Абдуллоев, раиси додгоҳи олии Тоҷикистон

Нусратулло Абдуллоев, раиси додгоҳи олии Тоҷикистон

Нусратулло Абдуллоев, раиси додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, аз ҳудудан 6 ҳазор ҳукм, ки додгоҳҳои кишвар дар давоми соли 2010 эълон кардаанд, танҳо ду қазия ҳукми бегуноҳӣ гирифтааст.

Ӯ зимни як нишасти матбуотӣ бо ироаи ин матлаб гуфт, ин ду ҳукми бегуноҳӣ дар додгоҳҳои Хуҷанду Душанбе ва 30 ҳукми қисман бегуноҳ дар саросари кишвар эълон шудааст.

Ҷаноби Абдуллоев афзуд: «Вақте ки мақомоти тафтишотӣ далелҳои собит пеш наоварданд ва ё ҳангоми раванди додгоҳӣ қисме аз иттиҳомот собит нашуданд, афроди муттаҳам сафед ва ё қисман сафед шуданд. Онҳое, ки қисман сафед шудаанд, аз рӯи моддаҳои дигар ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд».

Ҳукмҳои "нодир"


Ба сурати умум судури ҳукмҳои бегуноҳӣ аз ҳодисаҳои «нодир»-и сохтори додгоҳии Тоҷикистон аст, ки дар бисёр ҳолат аз пофишориҳои қотеъонаи шахси гунаҳкору пайвандони ӯ ва ё тавони молии онҳо ҳосил мешавад. Кам иттифоқ афтодани ин гуна таҳаввулотро раиси додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳунару тавони муфатишони парвандаҳо рабт дод, ки ба гуфтаи ӯ, ҳар қазияро амиқ пажӯҳиш мекунанд ва бар пояи далелу бурҳони қотеъ ба додгоҳ медиҳанд, асоснок шудаанд ва додгоҳҳоро қонеъ мекунанд.

Аммо Фахриддин Зокиров, коршинос умури ҳуқуқ мегӯяд, мушкил дар низоми тафтишотӣ ва додгоҳии Тоҷикистон аст, ки аз рӯи фаъолият ба ҳам пайванди қавӣ доранд ва ҳарду ҳам то ҷойе манфиатдоранд, ки гунаҳкори эҳтимолӣ ҳатман зиндонӣ шавад.

«Тасаввур кунед, ки чанд нафар манфиатдор аст, то парванда ба ҷояш расад. Агар сафед шавад, онҳо барои ғайриқонунӣ оғоз кардани парванда ва эълон кардани айб, агар ҳабс бошад, ғайриқонунӣ дар ҳабс нигоҳ доштан гунаҳкор мешаванд. Аз рӯи қонун шахси сафедшуда ҳаққи ситонидани зарари манънавиро дорад. Агар гунаҳкор нафари расмӣ бошад, ин маблағ аз вазорати молия дода мешавад», - афзуд ӯ.

Заъфи додгоҳҳо

Эълони бегуноҳӣ ҳамчунин ҷуброни маънавиву молиро ба думбол дорад, ки онро бояд ниҳоди масъул, бо шумули пулису додситонӣ ва ё додгоҳ пардохт кунанд. Коршиносон мегӯянд, шояд ин омил низ дар кам будан ҳукми бегуноҳӣ нақш дошта бошад.

Коршиносон мегӯянд, заъфи додгоҳҳо дар ин аст, ки далелҳои айбдоркунандаи давлативу вакили дифоъро таҳлил карда наметавонанд ва аксаран таҳти таъсири мақомоти тафтишотӣ қарор мегиранд.

Фахриддин Зокиров мегӯяд: «Дар мо бештар на ба эҳтимолияти бегуноҳӣ, балки бештар ба эҳтимолияти гунаҳкорӣ аҳамият медиҳанд. Яъне шахс бояд ҳам гуноҳкорӣ ва ҳам бегуноҳии худро худ собит кунад, на мақомоти тафтишотӣ, ки қонун мегӯяд».

Оқои Зокиров мегӯяд, мушкили дигар дар сохтори қонунгузории Тоҷикистон аст, ки Қонуни ҷиноиро аксаран бидуни баҳс ва бо пешниҳодоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ такмил медиҳанд ва дар натиҷа тавзеҳу иловаҳое ворид мешаванд, ки кори тафтишотро осон мекунад, аммо барои муттаҳамон ва вакилони дифоъро мушкил меофарад.

50 шикоят ба СММ

Коршиносон мегӯянд, чунин вазъ беэътимодии мардумро ба додгоҳҳои кишвар низ ба вуҷуд овардааст. Тибқи иттилоъи Созмони ҳуқуқи башари Тоҷикистон тайи солҳои ахир беш аз 50 шикоят аз нақзи ҳуқуқ ва ҳукмҳои “ғайримунсифона”-и додгоҳҳои Тоҷикистон ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ворид шудааст.

Нусратулло Абдуллоев, раиси додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ҳукмҳое, ки дар Тоҷикистон содир мешаванд, пӯшида нестанд: «Шахсияти он афродро ҳамаи шумо медонед. Онҳо қонунҳоро нақз карда, ҷиноят содир намудаанд. Фаъолияти ғайриқонунии онҳо ба ҷомеа зарари ҷисмониву молӣ овардааст».

Раиси Додгоҳи Олӣ Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи горди миллӣ ва раҳбари Оҷонси назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистонро мисол овард, ки ахиран наздиконаш ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ шикоят бурдаанд.

Вай гуфт, ҳамчунин шикоят аз наздикони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократ ва ширкати «Тоҷикгаз» низ омада буд, ки Додгоҳи олӣ тариқи дастгоҳи раисҷумҳур ва вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ посух фиристод. Оқои Абдуллоев афзуд, ҷиноятҳои онҳо собитшуда аст ва таҷдиди назар нахоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG