Пайвандҳои дастрасӣ

Гирдиҳамоии зиддиамрикоии пайравони Садр


Пайравони рӯҳонии шиамазҳаби Ироқ Муқтадо ас-Садр баъди намози ҷумъа бо ҳадафи маҳкум намудани сафари ноиб-президенти ИМА Ҷо Байден ва талаби беруншавии нерӯҳои ИМА аз Ироқ гирдиҳамоии эътирозӣ барпо намуданд.

Дар шаҳри Куфа тахминан 2 ҳазор пайрави Садр шиорҳои зиддиамрикоӣ замзама мекарданд. Рӯзи панҷшанбе барои авввалин бор баъди интихоби дубораи Нурӣ ал-Моликӣ ба курсии сарвазири Ироқ ӯ дар Бағдод бо Байден мулоқот намуд.

Ҷунбиши зери раҳбарии Садр дар интихоботи ахири Ироқ ба пирӯзии бузург ноил шудааст. Феълан ҳафт вазири ҳукумати Моликӣ пайравони ӯ ҳастанд. Мансабдорони ироқӣ мегӯянд, дар сӯҳбати Моликӣ ва Байден тамдиди ҳузури сарбозони мрикоӣ дар ироқ баҳс нашудааст.

XS
SM
MD
LG