Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи атомӣ боз шуд


Рӯзи ҷумъа сафири ИМА бо ҳамроҳии намояндагони ҳукумат ва раҳбарони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи озмоишгоҳи Оҷонси амнияти атомии Тоҷикистон ширкат намуданд. Ин озмоишгоҳ бо кӯмаки молии ИМА дар Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраки академӣ, воқеъ дар шарқи пойтахти Тоҷикистон сохта ва бо дастгоҳҳои лозими муосири назорати техникии вазъи радиатсионӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Кеннет Грос, сафири ИМА дар зимни ифтитоҳи Озмоишгоҳи амнияти атомии Тоҷикистон гуфт, ин марказ барои на танҳо Тоҷикистон, балки таъмини амнияти ядроии ҳамаи минтақа хидмат хоҳад кард.
Ӯ гуфт: «
Мо таҷрибаи ҳамкорӣ дар бахши ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи атомӣ ва радиоактивиро дорем. Ва ин лоиҳа яке аз намунаиҳои чунин ҳамкорӣ мебошад. Ин озмоишгоҳ барои ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи шаҳрвандони худ ва минтақаи Осиёи Марказӣ аз таҳдидҳои ядроӣ, ки ба ҷаҳони имрӯз таҳдид мекунад, мусоидат мекунад».
Ҳадаф аз таъсиси ин озмоишгоҳ, ошкор намудани шуои рентгенӣ ва радиатсияи гамма дар дастгоҳҳои дозиометрӣ мебошад. Ин марказ, ба гуфтаи масъулини Оҷонси амнияти атомии Тоҷикистон ва мақомоти сафорати Амрико, ҳамчунин метавонад дар ошкор сохтан ва ҷилавгирӣ намудан аз қочоқи маводи атомӣ ва ба дасти ашхоси номатлуб ё бесалоҳият афтодани ин мавод хидмат кунад.
XS
SM
MD
LG