Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори аъзои ал-Қоида аз маҳбас дар Ироқ


Хабаргузориҳо аз нақли мансабдорони ироқӣ овардаанд, ки беш аз даҳ маҳбуси муттаҳам бо узвият дар созмони террористии ал-Қоида аз зиндони шаҳри ҷанубии Басра фирор кардаанд. Рӯзи ҷумъа телевизиони Ироқ гузориш дод, ки артиш ва полис дар ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ мебошанд. Ҳоло маълум нест, ки маҳбусон чӣ гуна аз боздоштгоҳ фирор кардаанд. Онҳо бо ташкили бомбгузории мошин муттаҳам мешаванд, ки моҳи ноябри соли гузашта ҳаёти 10 нафарро аз байн бурда буд.

XS
SM
MD
LG