Пайвандҳои дастрасӣ

Аслиҳаи рабудашуда ба дасти ифротгароҳо расидааст


Вазири корҳои дохилии Қирғизистон Зарилбек Рисалиев мегӯяд, силоҳе, ки ҳафтаи гузашта аз як гурӯҳи муттаҳам бо ифротгароии исломӣ мусодира шуд, дар бархӯрдҳои мусаллаҳонаи моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон мавриди истифода қарор гирифта буд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Бишкек иттилоъ медиҳад, ки рӯзи чоршанбе аснои суханронӣ дар Кумитаи ҳуқуқ, ҳокимияти қонун ва мубориза бо фасоди парламенти ин кишвар Рисалиев гуфт, озмоиш собит намуд, ки моҳи июн дар рафти бархӯрдҳои миёни қирғизҳову узбактаборон дар шаҳри Ӯш афсари гурӯҳи таъйиноти махсус аз ҳамин силоҳ ҷароҳат бардоштааст. Ин силоҳро 5-уми январ аз як гурӯҳи қирғизҳои деҳаи Арашон мусодира кардаанд. Вазири корҳои дохилии Қирғизистон илова кард, ки силоҳи ёдшуда моҳи апрели соли гузашта замони муқовимати нерӯҳои амниятии ин кишвар бо мухолифони президент Қурмонбек Боқиев аз як ширкат дар Бишкек рабуда шудааст. Рисалиев афзуд, аз ин гурӯҳи ифротгаро маводи таркандаи шабеҳи таркиш дар назди қасри варзиши Бишкек мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG