Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати «Истиқлол» дар Ҷоми Иттиҳод-2011


Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Қазони Тотористон 14-уми январ барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.

Қаҳрамони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо тимҳои «Интер»-и Озарбойҷон, «Искра-Стал»-и Молдова ва «Нефтчӣ»-и Қирғизистон рақобат хоҳад кард. Нахустин бозии «Истиқлол» 15-уми январ бо қаҳрамони Молдова - «Искра-Стал» баргузор хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки «Истиқлол» барои аввалин бор дар Ҷоми Иттиҳод ширкат меварзад. Ба ҳайати даста ҳам футболбозони пуртаҷриба ва ҳам ҷавонон шомиланд, ки ҳафт нафари онҳо аъзои ҳайати тими мунтахаби миллии Тоҷикистон мебошанд.

Мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2011 бо ширкати 16 даста дар чаҳор гурӯҳ сурат мегирад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин дар даври чаҳорякниҳоӣ, ки 19-уми январ доир мешавад, иштирок хоҳанд кард.

Ҳайати се гурӯҳи дигар чунин аст:

Гурӯҳи «B»: «Тобол» (Қӯстанай, Қазоқистон), «Сконто» (Рига, Латвия), «Мика» (Ереван, Арманистон), «Бунёдкор» (Тошканд, Узбакистон).
Гурӯҳи «С»: «Зенит» (Санкт-Петербург, Русия), «Небитчӣ» (Балканобод, Туркманистон), «Шахтёр» (Солигорск, Беларус), «Флора» (Таллинн, Эстония).
Гурӯҳи «D»: «Динамо» (Киев, Укроин), ХИК (Хелсинки, Финляндия), «Экранас» (Паневежис, Литва), мунтахаби ҷавонони Русия.
Бозиҳо дар ду иншоот - СКК «Петербургский» и ДСИ «Зенит» барпо мегарданд.

Тақвими бозиҳо:

15-уми январ (шанбе)


1. «Интер» (Озарбойҷон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон).
2. «Искра-Стал» (Молдова) – «Истиқлол» (Тоҷикистон).
3. «Тобол» (Қазоқистон) – «Бунёдкор» (Узбакистон).
4. «Небитчӣ» (Туркманистон) – «Шахтёр» (Беларус).
5. «Динамо» К (Укроин) – ХИК (Финляндия).
6. Мунтахаби ҷавонони Русия – «Экранас» (Литва).
7. «Зенит» (Русия) – «Флора» (Эстония).
8. «Сконто» (Латвия) – «Мика» (Арманистон).

16-уми январ (якшанбе)

9. «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Интер» (Озарбойҷон).
10. «Нефтчӣ» (Қирғизистон) - «Искра-Стал» (Молдова).
11. «Мика» (Арманистон) - «Тобол» (Қазоқистон).
12. «Бунёдкор» (Узбакистон) – «Сконто» (Латвия).
13. «Экранас» (Литва) - «Динамо» К (Укроин).
14. «Флора» (Эстония) – «Небитчӣ» (Туркманистон).
15. ХИК (Финляндия) – мунтахаби ҷавонони Русия.
16. «Шахтёр» (Беларус) – «Зенит» (Русия).

18-уми январ (сешанбе)

17. «Интер» (Озарбойҷон) – «Искра-Стал» (Молдова).
18. «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Нефтчӣ» (Қирғизистон).
19. «Тобол» (Қазоқистон) – «Сконто» (Латвия).
20. «Мика» (Арманистон) - «Бунёдкор» (Узбакистон).
21. ХИК (Финляндия) - «Экранас» (Литва).
22. «Шахтёр» (Беларус) - «Флора» (Эстония).
23. Мунтахаби ҷавонони Русия – «Динамо» К (Укроин).
24. «Зенит» (Русия) – «Небитчӣ» (Туркманистон)

19-уми январ (чоршанбе)

¼ финал


25. А1 – В2.
26. Д1 - С2.
27. В1 – А2.
28. Д1 – С2.

21-уми январ (ҷумъа)

½ финал


29. Ғолиби бозии 25 – ғолиби бозии 26.
30. Ғолиби бозии 27 – ғолиби бозии 28.

23-юми январ (якшанбе)

Финал


31. Ғолиби бозии 29 – ғолиби бозии 30.
XS
SM
MD
LG