Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо кӯмаки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико озмоишгоҳи назорати радиатсионии Оҷонси амнияти атомии Тоҷикистон бозсозӣ ва мавриди истифода қарор гирифта ва амнияти техникии партобгоҳи маводи радиоактив дар ноҳияи Файзобод низ таъмин шудааст.

Рӯзи ҷумъа сафири ИМА бо ҳамроҳии намояндагони ҳукумат ва раҳбарони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи озмоишгоҳи Оҷонси амнияти атомии Тоҷикистон ширкат намуданд. Ин озмоишгоҳ бо кӯмаки молии ИМА дар Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраки академӣ, воқеъ дар ғарби пойтахти Тоҷикистон сохта ва бо дастгоҳҳои лозими муосири назорати техникии вазъи радиатсионӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Аз қочоқи маводи ҳастаӣ ҷилавгирӣ мешавад

Ҳадаф аз таъсиси ин озмоишгоҳ, ошкор намудани шуъоҳои рентгенӣ ва радиатсияи гамма дар дастгоҳҳои дозиометрӣ мебошад. Ин марказ, ба гуфтаи масъулини Оҷонси амнияти атомии Тоҷикистон ва мақомоти сафорати Амрико, ҳамчунин метавонад дар ошкор сохтан ва ҷилавгирӣ намудан аз қочоқи маводи атомӣ ва ба дасти ашхоси номатлуб ё бесалоҳият афтодани ин маводҳо хидмат кунад.

Ин озмоишгоҳ ба мақомоти марбута имкон медиҳад, ки маводи радиоактивро таҳлил намуда ва манбаъи онро ошкор созад ва ҳамин тавр дар дар сурати қочоқ, ба тафтишоти баъдии ҷиноӣ кӯмак расонад.

Кеннет Грос, сафири ИМА дар зимни ифтитоҳи Озмоишгоҳи амнияти атомии Тоҷикистон гуфт, ин марказ барои на танҳо Тоҷикистон, балки таъмини амнияти ядроии ҳамаи минтақа хидмат хоҳад кард.

Ӯ гуфт: «Мо таҷрибаи ҳамкорӣ дар бахши ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи атомӣ ва радиоактивиро дорем. Ва ин лоиҳа яке аз намунаиҳои чунин ҳамкорӣ мебошад. Ин озмоишгоҳ барои ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи шаҳрвандони худ ва минтақаи Осиёи Марказӣ аз таҳдидҳои ядроӣ, ки ба ҷаҳони имрӯз таҳдид мекунад, мусоидат мекунад».

Ҳамкории ҳастаии Тоҷикистон ва ИМА идома меёбад

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъабек Қурбонбеков, бо намояндагӣ аз ҳукумати Тоҷикистон зимни ташаккур аз иқдоми сафорати Амрико гуфт, ки Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаҳои паҳн накардани силоҳи атомӣ, ки онро имзо кардааст, ба ҳамкории худ ба ИМА ва созмони ҷаҳонии энержии атомӣ идома медиҳад. Ӯ гуфт, озмоишгоҳи мазкур қобилиятҳои Оҷонси амнияти атомии Тоҷикистон ва донишҳои атомии кормандони онро боло хоҳад бурд.

Маҳмадшо Илолов, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон низ баҳрабардорӣ аз озмоишгоҳи мазкурро як рӯзи муҳим барои илми тоҷик унвон кард. Ӯ гуфт, ки аз ин озмоишгоҳ на танҳо барои ошкор сохтани манбаъҳои радиатсионӣ, балки бо ҳадафҳои илмии атомӣ, аз ҷумла ҳадафҳои пизишкӣ низ истифода хоҳад шуд.

Партовҳои радиатсионии Файзобод безарар гардонида шуд

Дар ҳамин ҳол, Абдуҷабор Саломов, муовини раиси Оҷонси амнияти атомии Тоҷикистон гуфт, ки бо кӯмаки ИМА инчунин партовгоҳи маводҳои радиоактив дар ҳудуди ноҳияи Файзобод безарар гадонида шудааст. Аз ҷумла, атрофи он деворкашӣ шуда ва назорати 24 соатии электронии он таъмин шудааст.

Оғои Саломов мегӯяд: «Видеокамераҳо гузошта шудаанд, ҳама касоне, ки медароянд, мебароянд, сабт мешавад. Мо баъди ҳар муддати муайян онро мебинем, тоза мекунем ва аз сари нав мегузорем. То ин маводҳо ба дасти касони нохалаф наафтанд. Чунин система дар гамма лабараторияи ДМТ низ гузошта шудааст».

Ба гуфтаи оғои Саломов, дар ин гӯристони партовҳои радиоактив, умдатан дастгоҳҳои аз истифода хориҷшудаи дорои ташаъшӯ, аз замони шӯравӣ то кунун нигаҳдорӣ мешавад. Ва ҷорӣ намудани назорати доимии ин қабристони радиоактив, инчунин ҷойҳои дигари махсус, имкон медиҳад, маводҳои радиоактив ва ионофар, ки барои тавлиди «бомбаҳои сиёҳ» истифода мешаванд, ба дасти гурӯҳҳои манфиатҷӯ науфтанд.

Нигаронӣ аз партобгоҳҳо дар Суғд

Оқои Саломов мегӯяд, вазъи партовгоҳҳои вилояти Суғд, ки мероси корхонаи тавлиди ураниум аз замони шӯравӣ мебошанд, ҳамчунин нигаронкунанда боқӣ мондааст. Хусусан ду тое аз ин партовгоҳҳо, аз ҷумла дар наздики шаҳри Табошар таваҷҷӯҳи хос ва вижаро талаб мекунад.

Кишварҳо ва ниҳодҳои кӯмакрасон, аз ҷумла ИМА ва МАГАТЭ тасмим доранд дар амри безараргардонии партобгоҳҳои шимоли Тоҷикистон кӯмак кунанд. Ин барнома, ҳудуди 40 то 50 миллон доллари амрикоиро тақозо мекунад, қарор аст, бо ҳамоҳангии Барномаи Рушди СММ амалӣ шавад.

Ба гуфтаи масъулини Оҷонси атомии Тоҷикистон, дар партовгоҳҳои шимоли кишвар, гурӯҳҳои қочоқчӣ ва фурсатталаб наметавонанд маводи мавриди назарашон барои бомбаи сиёҳро пайдо кунанд. Аммо ин партовгоҳҳо зиён ба муҳити атроф ва мардуми маҳал мерасонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG