Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри нави рӯзномаи мухолифини қазоқ мусодира шуд


Полиси шаҳри Алмаато шумораи нави нашрияи мухолифин Голос Республики (Овози Ҷумҳурӣ)-ро мусодира кардааст. Сардабири ин нашрия Сергей Зелепукин ба хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки шоми панҷшанбе полис мошини интиқолдиҳандаи шумораи нави Голос Республикиро мутаваққиф карда, ҳазорҳо нусхаи ин нашрияро мусодира кардааст. Зелепукин афзуд, полис ронандаи мошин ва ҳамроҳони ӯро бо иттиҳоми паҳн намудани маълумоти бардурӯғ ба идораи полис интиқол дода, баъди муддате раҳо намудааст, вале шумораи нави Голос Республики дар ихтиёри полис мондааст. Ба қавли Зелепукин дар шумораи ахири нашрияи онҳо назархоҳии умумимардумӣ дар мавриди тамдиди даври раёсатҷумҳурии президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев то соли 2020-ум танқид шудааст. Хабарнигори Голос Респубилики Оксана Макушина рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, ки аз 19 ҳазор нусхаи нашршудаи шумораи ахири ин нашрия фақат 3 ҳазор дона ба дасти хонандагон расидааст.

XS
SM
MD
LG