Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон доир шуд


Соли гузашта дар Тоҷикистон се дафъа ҳукми ҳабси абад ва ё ҳабси ҳаётӣ содир шудааст.

Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Душанбе раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев ба хабарнигорон гуфт, дар соли 2010-ум ниҳоди зери раҳбарии ӯ 3 дафъа ҳукми ҳабси ҳаётӣ содир намуд. Ҳамзамон номбурда афзуд, ки додгоҳҳои кишвар 2 дафъа ҳукми сафедкунандаи муттаҳам содир кардаанд:

Дар маҷмӯъ нисбати ду нафар ҳукми сафед баромадааст ва нисбати 30 нафар ҳукми қисман сафед содир шудааст.”

Абдуллоев хотирнишон кард, ки соли гузашта додгоҳҳои ҷумҳурӣ мурофиаи 5930 парвандаи ҷиноиро доир намуда, ҳукми 7491 нафарро содир кардаанд.

XS
SM
MD
LG