Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хумпора аз Афғонистон 5 касро дар Покистон кушт


Афсарони амниятии Покистон иброз доштанд, имрӯз дар як деҳаи назди марз бо Афғонистон дар минтақаи шимолу ғарби ин кишвар хумпорае, ки аз Афғонистон партоб шуда буд, ҳаёти панҷ нафарро аз байн бурда, чанд тани дигарро маҷрӯҳ намуд. Ба қавли мансабдорони покистонӣ хумпора эҳтимолан аз қаламрави вилояти Хусти Афғонистон партоб шуда, дар деҳаи Мир Алии вилояти Шимоли Вазиристони Покистон ба замин бархӯрд. Сухангӯи паймони НАТО дар Кобул изҳор намуд, ки ин хабар мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, вале феълан ӯ иттилои бештар надорад. ИМА Шимоли Вазиристонро қароргоҳи ошӯбгарони мухолифи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон арзёбӣ намуда, аз Покистон хостааст, ки дар ин минтақа амалиёти заминӣ раҳандозӣ кунад.

XS
SM
MD
LG