Пайвандҳои дастрасӣ

Харҷи сафари ҳамроҳони президентро рабуданд


Дар Аргентина силоҳбадастон пулеро дуздидаанд, ки мебоист ҳангоми сафари президенти ин кишвар хонум Кристина Фернандес ба Ховари Миёна масраф мешуд. Полис мегӯяд, рӯзи чоршанбе дар Буэнос Айрес ғоратгарон мансабдори масъули хазинаи президентиро дар назди хонааш мутаваққиф намуда, харҷи сафари президентро ба яғмо бурданд. Расонаҳои хабарии Аргентина мегӯянд, ғоратгарон 68 ҳазор доллар ва 17 ҳазор евроро, ки мебоист ҳамчун харҷи ҳамроҳони президент Фернандес аснои зиёрат аз Кувайт, Қатар ва Туркия сарф шавад, бо худ бурданд. Хабаргузории Ассошиэйтед пресс менависад, полис мехоҳад ташхис намояд, ки чаро мансабдор миқдори зиёди пулро бо худ ба хонааш мебурд.

XS
SM
MD
LG