Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Покистон як зан-афсари амниятӣ кушта шуд


Полиси Покистон мегӯяд, имрӯз тундгароҳои исломӣ ба хонаи як афсари полис, ки аслан зан будааст, ҳамла карда, ӯ ва панҷ хешовандашро ба ҳалокат расонданд. Ҳамла дар минтақаи Ҳангуи вилояти Ҳайбар Пахтунхво ба вуқӯъ пайваст. Одатан тундгароҳо дар манотиқи шимолу ғарбии Покистон болои афсарони амниятии мард ҳамла раҳандозӣ мекунанд. Ҳамлаи рӯзи ҷумъа зоҳиран аввалин ҳуҷуми мустақим болои зан аст. Тибқи гузоришҳо тундгароҳо ба хонум Шамшод Бегуми 50-сола ҳушдор дода буданд, ки агар корашро канор нагузорад, ба қатл хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG