Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз раҳбарони Аврупо аз Туркманистон боздид мекунанд


Баъд аз як рӯзи имзои тавофуқот бо Озарбойҷон дар бораи интиқоли гази ин кишвар ба Аврупо, қарор аст имрӯз раҳбарони Аврупо аз Туркманистон боздид ва бо раҳбарони ин кишвар низ дар бораи таъмини Аврупо бо газ гуфтугӯ кунанд. Дирӯз Хосе Мануэл Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо ва Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар Боку дар ин бора эъломияе имзо карданд. Дар эъломия омадааст, ин нахустин тавофуқи хаттии Озарбойҷон дар бораи таъмини Аврупо бо газ аст. Аврупо мехоҳад Озарбойҷону Туркманистон Аврупоро бо миқдори кофии газ таъмин кунад, миқдоре, ки битавонад заминаи эҳдоси лулаи коридори ҷанубиро фароҳам орад. Ин лула хориҷ аз қаламрави Русия ва Украина бояд гази Дарёи Хазарро ба Аврупо интиқол диҳад.
XS
SM
MD
LG