Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарипов яке аз сабабҳои таҳдид ба амниятро ном бурд


Сӯҳроб Шарипов-раиси Маркази стротегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, рӯйдодҳои моҳҳои ахири водии Рашт натиҷаи бемасъулиятӣ ва ришвахории ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон будааст. Вай гуфт, ин рӯйдодҳо барои боло бурдани сатҳи идораи умури давлатӣ дар Тоҷикистон таконе хоҳад шуд. Шарипов ин суханонро рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Душанбе дар як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошт. Ба гуфтаи оқои Шарипов, аз тасаввур берун аст, ки чӣ тавр ниҳодҳои кашфи Тоҷикистон натавонистаанд аз таҷҷамӯи афроди мусаллаҳ дар ин водӣ огаҳӣ ёбанд. Вай гуфтааст, сабаби чунин нокомӣ густариши ришвахорӣ будааст ва ришвахорӣ ба амнияти давлати Тоҷикистон таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG