Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости фаъолони ҳуқуқи башар аз Дабири куллии САҲА


Фаъолони ҳуқуқи башари Қазоқистон дархост кардаанд, ки Дабири кулли САҲА ҷоизаи олии давлатии Қазоқистонро баргардонад, агар Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури ин кишвар розӣ шавад, ки барои тамдиди мӯҳлати раёсати ҷумҳуриаш дар Қазоқистон райпурсии ҳамагонӣ баргузор гардад. Назарбоев моҳи гузашта ҷоизаи давлатии Дӯстиро дар ҷараёни мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви САҲА дар Остона ба Марк Рероҳ ду Бришамбо эҳдо намуд. Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, Бришамбо бояд ба Нурсултон Назарбоев бигӯяд, ки вай "бар усули демократӣ эҳтиром қоил шавад ва аз баргузории райпурсӣ канораҷӯӣ кунад".

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG