Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумҳурии Чех ба вазири пешини Украина паноҳандагӣ дод


Ҷумҳурии Чех ба Боҳдан Данилишин-вазири пешини иқтисоди Украна паноҳандагии сиёсӣ дод. Марина Мачиткова-вакили мудофеи Данилишин ба радиои Озодӣ гуфт, рӯзи панҷшанбе вазорати корҳои хориҷаи Чех дархости паноҳандагии вайро пазируфтааст. Бино ба дархости пулиси байналмиллалӣ ё интерпол, мақомоти интизомии Чех Данилишинро 18-ӯми октябр дар назди сафорати Украина дар Прага боздошт карда буданд. То ҳол вай дар яке аз боздоштгоҳҳои муваққатӣ дар Прага ба сар мебурд. Акнун додгоҳи шаҳрии Прага бояд ҳукми раҳоии вайро содир кунад. Боҳдан Данилишин дар давраи нахуствазирии Юлия Тимошенко вазири иқтисод буд. Данилишинро дар Украина барои сарфи беҳудаи тақрибан 2 миллион доллар аз сандуқи иҷтимоӣ гунаҳгор медонанд.
XS
SM
MD
LG