Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Арабистон каргаси "ҷосус"-ро раҳо карданд


Пас як ҳафтаи ҳангомаву овоза дар атрофи як каргас, Арабистони Саудӣ гуфт, паррандае, ки дар қаламрави кишвар боздошт шудааст, "бегуноҳ" буда, ҳеҷ рабте ба ҷосусӣ надорад.

Ҳукми ахири шоҳзодаи салтанат, Бандар бин Сауд Ал Сауд ба қазияи аҷибу ғариби иттиҳоми фаъолиятҳои ҷосусии каргас ба фоидаи Исроил хотима гузошт. Каргаси муҳоҷир як ҳафта пеш дар минтақаи дурдасти ин кишвар дар ҳоле пайдо шуд, ки дар тани ӯ системаи GPS, ё дастгоҳи пайгири Донишгоҳи Тел Авив васл шуда буд.

"Тавтеъаи саҳюнистӣ"?

Ба думболи ошкор шудани каргас, матбуоти саудӣ хабар дод, ки паррандаи лошахӯр бо иттиҳоми ҷосусӣ, ҳамчун бахши “тавтеъаи саҳюнистӣ” боздошт шудааст.

Исроил ин иттиҳомро аз оғоз рад кард ва масъалаи озодии каргасро дар миён гузошт. Бо гузашти як ҳафта аз рӯзи боздошти паррандаи муҳоҷир, Арабистони Саудӣ паррандаро поку бегуноҳ эълон кард. Дар заминаи ин ҳангома, мақомоти ин кишвар аз матбуот гиламанд шудаанд, ки надидаву насанҷида дар мавриди каргас қазовати ғалат кардааст.

Шоҳзодаи Саудӣ Бандар бин Сауд Ал Сауд бо такзиби эҳтимоли ҷосус будани каргас ва бо ишора ба дастгоҳи дарёфтӣ аз бадани он гуфт: “Ин системаҳо ба тани парранда ва ҳайвонот, бо шумули ҷонварони дарёӣ насб мешавад. Бисёре аз кишварҳо, бо шумули Арабистони Саудӣ аз ин дастгоҳҳо истифода мекунанд. Мо системаеро, ки ба бадани каргас васл шуда буд, гирифтем, онро санҷидем ва акнун паррандаро озод мекунем".

Шикояти шоҳзодаи араб аз расонаҳо


Шоҳзода афзуд, ки баъзе рӯзноманигорони саудӣ ба хотири барангехтани ҳангома, хабарро насанҷида нашр карданд. “Қабл аз нашри ин хабар, онҳо бояд қазияи паррандаро аз мақомоти босалоҳият пурсон мешуданд.” – гуфт шоҳзода Банда бин Сауд Ал-Сауд.

Шарҳи шоҳзодаи Саудӣ намунаи нодири ҳамдигарфаҳмии Исроил бо ҳамсояҳои араб унвон шудааст. Мақомоти Исроил бо исрор гуфтанд, ки каргас танҳо як намунаи омӯзиши муҳоҷирати паррандаҳо буд ва дастгоҳи он набояд мавриди шубҳа мешуд.

“Дастгоҳ ба ҷуз аз қабул ва ҳифзи маълумоти асосӣ дар бораи ҷойи буду боши парранда ва рафтору суръати ҳаракати он, ҳеҷ нақши дигаре надорад” – навиштааст нашрияи Маарив аз қавли як мақоми Исроил.
XS
SM
MD
LG