Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадафҳои аслии Чин дар Осиёи Марказӣ


Чолпон Орозбекова, шореҳи қирғиз
Чолпон Орозбекова, шореҳи қирғиз

Дар паи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ талоши мамолики абарқудрат барои тавсеаи нуфуз дар Осиёи Марказӣ ҷараён дорад. Шореҳи қирғиз Чолпон Орозбекова мегӯяд, дар ин сабқат Чин дар қатори пешсафҳост, вале ин пешсафӣ барои мамолики минтақа таҳдид мекунад.

Шореҳи қирғиз Чолпон Орозбекова дар таҳлилаш бахшида ба тавсеаи нуфузи Чин дар Осиёи Марказӣ менависад: “Дар миёни абарқудратҳои ҷаҳонӣ, ки барои тавсеаи нуфуз дар Осиёи Марказӣ талош доранд, Чин аз ҳама хомӯш, аз ҳама муназзам ва эҳтимол аз ҳама пурхатар аст. Чин Осиёи Марказиро ҳамчун гарави амнияти энергетикӣ, тавсеаи тиҷорат ва таъмини назму субот дар вилояти ноороми Шинҷон арзёбӣ мекунад”.

Дар ҳоле ки кишварҳои ғарбӣ ва ҳатто Русия дар назди кишварҳои Осиёи Марказӣ шартҳои сиёсӣ мегузоранд, Чин хомӯшӣ ихтиёр намуда, дар бораи ҳадафҳои сиёсиву мавқеъгириаш чизе намегӯяд. Пекин ба кишварҳои ниёзманди Осиёи Марказӣ қарзҳои имтиёздор пешниҳод намуда, дар муқобил ба ашёи хоми минтақа даст меёбад.

Миллиардҳои Чин барои кишварҳои минтақа

Дар баъзе барқияҳои дипломатии ИМА, ки ахиран ба воситаи сомонаи Wikileaks ба табъ расидаанд, гуфта мешавад, аз эҳтимол дур нест, ки Чин ба Қирғизистон 3 миллиард доллар пешниҳод намуда, дар муқобил манъи фаъолияти пойгоҳи ҳавоии ИМА дар Бишкекро талаб кунад.

Барқия аз 13–уми феврали 2009-ум мулоқоти сафири ИМА Татяна Гфёлер бо сафири Чин дар Бишкек Ҷанг Янианро тасвир менамояд, ки дар он хонум Гфёллер пешниҳоди 3 миллиард долларро ёдрас кардааст.

Муаллифи барқия навиштааст, бо ошкор шудани ин ташаббуси эҳтимолии Чин сафири ин кишвар муддате худро гум карда, сӯҳбатро ба забони чинӣ идома додааст. Сипас вақте сафири амрикоӣ дар бораи музокироти идомаи фаъолияти пойгоҳ ҳарф мезанад, сафири чинӣ мегӯяд: “Мушкил пул аст. Ҳамон 150 миллионро дар шакли пули нақд ба онҳо диҳеду мебинед, ки пойгоҳатон барои абад боқӣ мемонад”.

Ваъдаи Пекин ба Ислом Каримов

Дар исботи ин фикр шореҳи қирғиз ҳаводиси соли 2005-умро мисол оварда, меафзояд, замоне, ки Ислом Каримов зери фишори байналмилалӣ қарор дошту мамолики ғарбӣ таҳқиқи мустақили хунрезии Андиҷонро талаб мекарданд, Чин президенти Узбакистонро ба зиёрат аз ин кишвар даъват намуда, тақрибан 2 миллиард доллар сармоягузорӣ ваъда дод.

Чолпон Орозбекова идома медиҳад, ки ин сиёсати Чин, яъне сармоягузориҳои бидуни шартгузорӣ ба раҳбарони худкомаи кишварҳои Осиёи Марказӣ хуш меояд. Дар ҷавоб кишварҳои Осиёи Марказӣ хушунатҳои вилояти Шинҷон ва таъқиби ҷудоихоҳони уйғурро кори дохилии Чин арзёбӣ мекунанд.

Ҳадафҳои аслии Чин дар Осиёи Марказӣ

Иқтисоди дар ҳоли рушди Чин кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамчун гарави таъмини маводи сӯхт ва ашёи хом баррасӣ намуда, дар фикри бунёди лӯлаҳои нафту газ дар ин минтақа аст. Соли 2009-ум Қазоқистон аз Чин 10 миллиард доллар қарз барои пуштибонии иқтисодаш дастрас намуд.

Худи ҳамон сол лӯлаи 3000 километраи нафт миёни Қазоқистону Чин такмил ёфт, ки имкон дорад, рӯзона то 200000 барел нафтро ба Чин интиқол диҳад. Ҳамин гуна лоиҳаҳову қарзҳои боимтиёзи Чин ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ тақдим шудаанд. Баъзе коршиносон ибрози нигаронӣ мекунанд, ки ҳангоми такмили ин лоиҳаҳо Чин коргарони худро ба ин кишварҳо мефиристад ва маълум нест, ки баъди иҷрои кор онҳо ба ватанашон бармегарданд ё хайр.

Шореҳи қирғиз хотирнишон мекунад, ки феълан дар Қазоқистон 300 ҳазор ва дар Қирғизистон 200 ҳазор коргари чинӣ ба сар мебаранд. Дар Узбакистону Туркманистону Тоҷикистон ҷамъан 150 ҳазор мутахассисиси чинӣ окру зиндагӣ мекунанд. Чолпон Орозбекова суол мекунад, ки оё баъди анҷоми кор ин меҳмонон ба ватан боз хоҳанд гашт? Ӯ назар як хонандаи сомонаи Радиои Озодиро такрор мекунад, ки “агар аз эҳтиёт кор нагирем, рӯзе ба яке аз музофотҳои Чин табдил хоҳем ёфт”.
XS
SM
MD
LG