Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати конодоии «Сanog Energy» тааҳҳуд кардааст, ки се нерӯгоҳи кӯчаки барқиро дар Тоҷикистон бисозад. Ба ин манзур ахиран миёни ин ширкат ва ширкати «Барқи тоҷик» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Се неругоҳ аз сӯи ин ширкат бар фарози рӯдхонаи Сурхоб, дар шарқи Тоҷикистон бо иқтидори наздик ба 23 мегават бунёд хоҳад шуд, ки ба гуфтаи масъулони «Барқи тоҷик», имкон хоҳад дод, то аҳолии ноҳияи Ҷиргатол комилан бо неруи барқ таъмин шавад.

Бар асоси созишномае, ки миёни ин ширкат ва ширкати «Барқи тоҷик» имзо шуд, сохтмони неругоҳҳои кучаки Назармеган, Ёрмазор ва Домрачин бо сармояи «Сanog Energy» дар назар аст.

Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик», бунёди ин нерӯгоҳҳоро дар ҷиҳати таъмини нерӯи барқ барои аҳолии шарқи Тоҷикистон муҳим хонд. Ӯ гуфт: «Иқтидори ин нерӯгоҳҳо наздики 23 мегаватро ташкил медиҳад ва ин имконият медиҳад, ки дар сурати баҳрабардории ин неругоҳҳо минтақаи ноҳияи Ҷиргатол пурра бо неруи барқ таъмин хоҳад шуд».

40 миллион доллар барои се нерӯгоҳ


Ба ин тартиб он гуна, ки ҷаноби Гулов мегӯяд, ин се нерӯгоҳ дар соли ҷорӣ сохта ва ба истифода дода хоҳад шуд. Ҳарчанд ба гуфтаи ин мақоми ширкати «Барқи Тоҷик» барои сохтмони ин се нерӯгоҳи кучак маблағи ҳудуди 40 миллион доллар зарур аст, аммо мизони сармояи ширкати «Сanog Energy» барои иҷрои ин тарҳҳо танҳо пас аз таҳияи санади фаннӣ ва иқтисодии ин неругоҳҳо мушаххас хоҳад шуд.

Стюарт Скварс, раиси ширкати «Canog Energy», мегӯяд, ин ширкат тасмим дорад, ки дар Тоҷикистон чанд нерӯгоҳи обии тавоноияш то 500 мегаватиро бунёд кунад. Афзун бар ин ҷаноби Скварс таъкид дорад, ки ширкати канадагӣ омодааст, дар бахши барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон аз 20 то 40 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол дар Тоҷикистон ширкати «Тетиус Петролиум ЛТД» ҳузур дорад ва фаъолияти он бештар ба умури иктишоф ва истихроҷи маодини нафту газ марбут аст. Дар муддати ду соли ахир ин ширкати канадагӣ тавонист чанд чоҳи газро, ки аз замони шуравӣ боқӣ мондаанд, дубора фаъол созад ва бархе аз манотиқи Тоҷикистон, назири Кӯлоб ва қисмате аз шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб, бо гази худӣ таъмин шаванд. Ҳарчанд ин ширкат конодоист, аммо коршиносон мегӯянд, сармояи он аз Амрикост.

Афзоиши таваҷҷӯҳ ба бунёди нерӯгоҳҳои кӯчак

Аммо таваҷҷӯҳи ширкати «Сanog Energy» ба сохтмони нерӯгоҳҳои кучаки Тоҷикистон бесабаб нест ва коршиносон мегӯянд, дар сурати муваффақ шудан, ин ширкат дар оянда метавонад ба сармоягузорӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги обӣ дар Тоҷикистон даст ёбад. Ба таъкиди Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик», «Сanog Energy» се неругоҳ дар қисмати шарқи Тоҷикистон пас аз баҳрабардории комил барои муддате моликияти ин ширкат хоҳанд шуд.

Сафари Абдулаҳад, коршиноси тоҷик, мегӯяд, дар шароити феълӣ бунёди неругоҳҳои кучак, ки сохмтони онҳо замони тӯлониро дар бар намегиранд, муассиртаранд. Ӯ афзуд: «То он замоне, ки неругоҳҳои бузург, мисли «Роғун» ва дигарҳо сохта мешаванд, бунёди неругоҳҳои кучаку миёна ба нафъи ҳам давлат ва ҳам аҳолии кишвар аст. Беҳтар аст, ки чунин неругоҳҳои кучак сохта шаванд, ҳадди аққал як ноҳия ва шаҳр бидуни мушкил ба неруи барқ таъмин гардад».

Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи Тоҷик» мегӯяд, сохтмони неругоҳҳои кучак аз лиҳози иқтисодӣ муфидтар аст: «Дар солҳои ахир бисёр деҳаҳои навбунёд ташкил шуда ва бояд барои ин деҳаҳо ва таъмини аҳолии он бо неруи барқ ҳатман неругоҳҳо ва хатҳои интиқоли неруи барқ зарур аст. Ба ин далел дар наздикии деҳаҳои кӯҳистон бунёд кардани неругоҳҳои кучак як амри зарурӣ ва ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ аст».

Ин дар ҳолест, ки тибқи Барномаи давлати Тоҷикистон барои то соли 2020 танҳо дар соли гузашта дар қаламрави кишвар 30 неругоҳи кучак сохта шудааст. Ин неругоҳҳо дар ноҳияҳои кӯҳистонии Тоҷикистон ва бо сармояи ҳукумати кишвар, сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтаанд. Аз ҷумла се неругоҳ тавассути ширкати «Барқи Тоҷик» дар ноҳияҳои кӯҳистонии Мастчоҳ, Тоҷикобод ва Нуробод сохта шудаанд. Ҳамакнун қарор аст, ин ширкат дар соли ҷорӣ 7 неругоҳи кучакро бунёд кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG