Пайвандҳои дастрасӣ

Тасвиби созишномаи ба ихтиёри Чин вогузор шудани 3 дарсад аз ҳудуди Тоҷикистон, идомаи ҳаводиси Рашт, тағйироти эҳтимолии кадрӣ дар ҳукумат ва бозгашти Бозор Собир, шоири саршиноси тоҷик, ба Амрико аз мавзӯъҳои аслии нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе мебошад.

"ИмрӯзNews" менависад, "3 дарсади ҳудуди Тоҷикистон ба Чин дода шуд, 20 дарсади дигараш зери шубҳа қарор дорад". Ин нашрия бо рӯи саҳифа овардани баҳси вакилон зимни тасвиби созишномаи ба ихтиёри Чин вогузор шудани ҳудуди 3 дарсади қаламрави Тоҷикистон менависад, ки агар аз чунин мантиқе кор бигирем, қисмати бештари Осиёи Марказӣ марбут ба халқи тоҷик аст ва оё Узбакистон розӣ мешавад, ки шаҳрҳои бостонии моро ба чунин осоние, ки порлумони Тоҷикистон 1112 километр хоки худро ба Чин тақдим кард, бозпас диҳад? Ва суоли дигар ин аст, ки 20 сол баъд таърих ашхосеро, ки чунин корро анҷом додаанд, бо чӣ номе ёд хоҳад кард. Ба ҳар ҳол баҳордиҳӣ дар ин марвид ба ихтиёри таърих аст.

Аммо «Азия плюс» дар ҳамин ҳол аз Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва вакили Маҷлиси намояндагонро нақли қавл кардааст, ки гуфтааст, "бояд ин созишномаро ба тасвиб мерасонидем, то ин баҳси марзиро ба наслҳои ояндаамон ба мерос намегузоштем".

«Азия плюс» ба ҷои сармақолаи мусоҳиба бо Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқи мухолифинро нашр кардааст. Оқои Аҳмадов дар мусоҳибаи худ гуфтааст, ки "ман шахсан худам Мулло Абдуллоро дидам. Ӯ як соли пеш ба хонаи ман омад. Ман ба ҳукумат телефон кардам ва гуфтам, ки ӯ инҷост. Соли гузашт дар замони ҳаводиси Тавилдара дар он ҷо буд, баъд ба ин ҷо омад, ман гуфтам, ки ӯ ҳамин ҷост. Бо се нафар назди ман омад, вале касе ба ҳарфи ман гӯш надод. Ӯ баъдан рафт ва бо 20 нафар дубора бар гашт. Вақте, ки ҳаводиси Камароб сар зад ӯ 100 нафар ҳамроҳ дошт».

Мирзохӯҷа Аҳмадов гуфтааст, ки камом гурӯҳҳои дар худи ҳукумат ба ҳузури Мулло Абдулло манфиат доранд, барои ҳамин боздошти ӯ мушкил шудааст. Аз сӯи дигар, оқои Аҳмадов гуфтааст, ки ин гурӯҳҳои ҲИУ дар Тоҷикистон фармоиши ҳукумати Ислом Каримовро иҷро мекунанд.

Ба ҳамин тартиб, барои аввалин бор як нафар изҳор медорад, ки дар воқеъ ӯ Мулло Абдуллоро бо чашмони худ дидааст.

«Миллат» мусоҳибаи Бозор Собир, шоири саршиноси тоҷикро қабл аз сафараш ба Амрико зери увони "Амрико барои мурдан меравам" нашр кардааст. Бозор Собир гуфтааст, меравад ва дигар бар намегардад, шояд ин охирин хайрбоди ӯ ба Тоҷикистон бошад. Бозор Собир гуфтааст, ки "меравам ва касонеро, ки дар ватан маро дар зиндон азият карда буданд, аз ҷумла милисаҳо ва зиндонбонҳоро бахшидам, аммо касонеро, ки маро бегуноҳ зиндонӣ карда буданд, набахшидам. Бо забон метавонам бигӯям, ки ҳамаро бахшидам. Аммо намедонам, чаро дар умқи дилам алам боқист".

Ин нашрия ҳамчунин матлаби илмӣ-омавие аз файласуф ва диншинос Меҳмоншоҳи Шарифро нашр кардааст, ки менависад, дар дунёи печида аз муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон масъалаҳои фазои тафаккури динии кишварро мехоҳад бо роҳи насиҳатномахониҳо ҳал кунад. Аммо масъалаи ҳаёти инсонҳо решаи амиқтар дар ҳастӣ дорад ва бо чунин роҳ наметавон онро ҳал кард.

«Озодагон» ба тағйироти эҳтимолии кадрӣ дар ҳайати ҳукумат пардохта ва навиштааст, ки имкон дорад, Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилӣ ба курсии сарвмизирӣ бинишинад. Ба ҷои ӯ, ба навиштаи ин ҳафтанома, эҳтимолан Фаттоҳ Саидов, раиси феълии Оҷонси зидди фасод ва ба ҷои вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев, эҳтимолан Раҷабалӣ Раҳмоналиев, фармондеҳи Горди миллӣ бинишинад.

Ин нашрия ҳамчунин барканории Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи РТВ ва Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифро ва ба ду вазоратхонаи мустақил ҷудо шудани вазорти мухобиро ва нақлиётро ҳадс задааст.

«СССР» дар сармақолаи худ менависад, ки «Ғарм ором шуд». Ин нашрия бо чопи гузориши мусаввар аз ҳодисаи кушта шудани гурӯҳи Алии Бедакӣ дар ноҳияи Рашт навиштааст, ки «ҳафтаи гузашта барои мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳафтаи бобарор буд. Ахиран, пас аз фоисилаи тӯлонӣ ва нигарониҳои ҷомеа гурӯҳи Алии Бедакӣ ликвидатсия шуд. Ва мақомот қасди Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъро ситониданд».

«Наҷот» - нашрияи ҲНИТ ба баррасии тарҳи Қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд пардохта ва бандеро аз он мисол оварда менависад, ки «риоя намудани лимбоси мактабиро аз ҷониби фарзандон дар ҳамаи зинаҳои таҳсил таъмин намуда, аз ҷониби онҳо пӯшидани либосҳоро дар доираи этикет назорат намоянд». Шореҳи "Наҷот" дар шарҳи ин банд навиштаааст, ки ҳадафи аслии ин банди қонун дур андохтани рӯсарӣ аз сари духтарон аст.

«Фараж» низ ба масъалаи тағйироти кадрӣ дар ҳукумат пардохта ва менависад, ки мумкин аст, сарвазир Оқил Оқиловро дар маснади сарвазири кишвар Ҳомидҷон Зоҳидов, раиси ноҳияи Ашт иваз кунад. Ин нашрия ҳамчунин барканории Абдуҷаббор раҳмонов, вазири маориф, Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи РТВ ва Бек Зуҳуров, муовини вазири мухобиротро пешбинӣ кардааст.

«Нигоҳ» мусоҳибаеро бо Нуралиӣ Саидов, ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон нашр кардааст, ки зимни он оқои Саидов аз изҳори назари муовини раиси ҲНИТ дар мавриди бемаъно будани идомаи фаъолияти ин Шӯро вокуниш нишон додааст. Оқои Саидов гуфтааст, ки чунин иқдоми раҳбарияти ҲНИТ нишон медиҳад, ки он аз стратегияе, ки раҳбари пешини ҲНИТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ пеш гирифта буд, дур шудаст. Ӯ гуфтааст, ки чунин изҳороти муовини раиси ҲНИТ аз сӯи аъзои шурои ҷамъиятӣ маҳкум шудааст.

«Ҷумҳурият» - нашрияи расмии Тоҷикистон менависад, ки «ҳудуди 1000 нафар аз донишҷӯёни тоҷик дар давоми соли 2010 аз кишварҳои хориҷӣ ба кишвар оварда шудаанд. Ин донишҷуён дар мадрасаҳои мазҳабии кишварҳои Арабистони Саудӣ, Покистон, Миср, Эрон, Сурия, таҳсил мекарданд. Ин толибилмон ҳудудан аз 8 то 28 сола мебошанд».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG