Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёдбуди муаллифи "Девори Хуросон"


Муҳаммадзамони Солеҳ, нависандаи шинохтаи тоҷик

Муҳаммадзамони Солеҳ, нависандаи шинохтаи тоҷик

«Девори Хуросон», асари нависандаи шинохтаи тоҷик Муҳаммадзамони Солеҳ, мавзӯи аслии баҳси муҳаққиқон ва адабиётшинсон дар маҳфили ёдбуди ин адиб буд, ки ба муносибати 60-солагии ӯ дар толори Иттифоқи нависандагон баргузор шуд.

Маҳфили ёдбудро садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дӯстону ҳампешагони зиндаёд Муҳаммадзамони Солеҳ ва алоқамандони осори ӯ баргузор карданд.

Дар ин ҳамоиш доир ба вижагиҳои романи «Девори Хуросон», сабки осор ва ҷойгоҳи хоси Муҳаммадзамони Солеҳ дар насри муосири тоҷик сӯҳбату гузоришҳои таҳқиқотӣ ироа шуд.

Адиби навҷӯву навпардоз

Муҳаммадзамони Солеҳ аз насли адибони навпардози Тоҷикистон буд, ки ба мисли Баҳманёр, Сайфи Раҳимзод, дар солҳои 80-ум бо сабки баёну навишти хос вориди саҳнаи насри тоҷик шуданд. Нахустин маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ таҳти унвони «Сарви Кишмар» бо пешнависи адабиётшиноси маъруф, Муҳаммадҷон Шакурӣ вайро ҳамчун нависандаи умедбахш муаррифӣ кард.

Урун Кӯҳзод, нависандаи маъруфи тоҷик
Баёни мӯъҷаз ва кӯтоҳ бо омезиши афкори фалсафӣ, ки дар ҷумлаҳои "сангин"-и ӯ таҷассум меёфт, бештар Муҳаммадзамони Солеҳро ба унвони як адиби навҷӯй ошно намуд.

Ба қавли нависандаи тавонои тоҷик Урун Кӯҳзод, истеъдоди фитрии Муҳаммадзамони Солеҳ дар заминаи мутолеоти пайваста ва дониши амиқи таъриху адабиёт ва дастовардҳои адабиёти ҷаҳон такомул дида, дар давре ба нуқтаи камол расид, ки кишвар гирифтори ҷангу нооромиҳо гардид. Ҷаноби Солеҳ дар тӯли умри кӯтоҳи худ тавонист, чанд роману асарҳои дигар нависад, вале ҳеҷ гоҳ аз сабки аслии худ берун нарафтааст.

Ӯ гуфт: «Муҳаммадзамони Солеҳ адиби бомасъулият буд ва рӯи ҳар ҷумлаву баёни худ меандешид, ки ҳар ишорааш ҳадафе дошта бошад ва муҳимтар аз ҳама вай ба ҳар ҷумлаи навиштааст, масъул будани худро ба унвони як нависанда нишон медод.»

Пайроҳаи ҳунарии адиб

Пас аз ду соли ба чоп расидани китобчаи нахустини Муҳаммадзамони Солеҳ дар соли 1987 қиссаи «Ишқи актёри пир» ва як сол баъдаш китоби дигари ӯ таҳти унвони «Оҳанги шаҳри ишқ» ба нашр расиданд.

Танҳо пас аз нашри ин осор ӯ дар соли 1989 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд. Вай адибе буд, ки мувофиқ ба низоми вақт, яъне дар даврони шӯравӣ, дар навиштаҳои худ илтифот надошт ва ҳамеша дар фикри арзишҳои миллӣ буд ва бо навиштани асарҳо аз даричаву пардаи таърих ба хонандааш паём медод.

Авҷи ҳунари нависандагии Муҳаммадзамони Солеҳро ба романи таърихии ӯ «Девори Хуросон» бастагӣ медиҳанд. Ин роман ба ҷоизаи баландатарини адаби ба ҷоизаи Рӯдакӣ пешниҳод шуда, ба ин муносибат аз тарафи мунаққидон ва хонандагон баҳои баланд гирифта буд.

Файласуфи шинохтаи тоҷик Комил Бекзода дар робита ба ҳунари нависандагии Муҳаммадзамон, ки чӣ гуна дар ҳангоми навиштани ин асар бозтоб меёбад, чунин мегӯяд: «Ба хусус бобҳои охири «Девори Хуросон»-ро саропо таҳлили як нависанда не, балки таҳлили як файласуф равоншинос ва таҳлили як андешаманд аст, ки воқеан ҷомеаи худро дарк карда буд ва медонист, ки барои ин ҷомеа чӣ бояд кард.»

Меҳвари асосӣ ва хатти сюжети «Девори Хуросон» зиндагиномаи Шоҳ Исмоили Сомониро дар бар гирифта ва худи асар дар хориҷ аз Тоҷикистон дар интишороти «Балх»-и Эрон ба ҳуруфи сириллик ва алифбои ниёкон ба чоп расидааст.

Китоби нотамом

Мирзо Боқӣ, шоири тоҷик
Аммо зиндагии кӯтоҳ ва марги нобаҳангом ду сол қабл имкон надод, ки Муҳаммадзамони Солеҳ асари бузурги худ, «Куруши Кабир»-ро, ки ба нимааш расида буд, поён диҳад.

Шоири тоҷик Мирзо Боқӣ мегӯяд, ки Муҳаммадзамон Солеҳ баъзе аз пораҳои Куруши Кабирро навишт ва мехост, як асари калони дигари худро низ ба охир расонад.

Ӯ афзуд: «Муҳаммадзамони Солеҳ орзу дошт, ки бо навиштани китоби дигари худ дар бораи Куруши Кабир бузургию азамат ва санъати давлатдорию кишвардории ӯро инъикос кунад ва фарҳанги башардӯстии ӯро ба насли имрӯз паём диҳад. Пораҳое аз ин асар навишта шудаанд. Ва илова ба он як асари дигари бо номи «Малкушон» бояд навишта мешуд, ки умр ба ӯ вафо накард. Дар ҳақиқат агар ин асарҳо навишта мешуданд, Муҳаммадзамон рисолати нависандагии худро чуноне, ки худаш мегуфт, ба поён мерасонд, вале афсӯс...»

Ба қавли дӯстону пайвандон ва адибони тоҷик, аслан ҷанги дохилии кишвар ба ҷараёни зиндагии адиби ориф ва файласуф таъсири манфӣ расонд, ки баъдан дар байни мардум кам зоҳир мешуд ва як зиндагии гӯшанишнии орифонаро ихтиёр карда буд. Ин фурсате буд, ки ба омӯзиши зиндагиномаи паёмбари ислом рӯ оварда буд ва мехост, романе дар бораи солҳои охири умри паёмбар Муҳаммад нависад. Дар ҳамин миён дучори як беморӣ шуд ва аз он ранҷ мебурд, ки дар зимистони соли 2009 аз олам даргузашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG