Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден бо мақомоти Ироқ музокирот анҷом дод


Ҷо Байден, нойиби раисиҷумҳури ИМА, имрӯз дар ҷараёни сафараш ба Бағдод изҳор намуд, ки ҳадафи асосии Амрико – кӯмак ба Ироқ барои бунёди давлати орому осоиштаи демократист. Ӯ имрӯз бо раисиҷумҳури Ироқ Ҷалоли Толибонӣ ва нахуствазир Нурӣ ал-Моликӣ музокирот анҷом дод. Дар бораи ҷузъиёти музокирот чизе гуфта намешавад. Қаблан бархе аз мақомдорони Ироқ дар сӯҳбатҳои маҳрамона гуфта буданд, ки яке аз мавзӯъҳои аслии музокирот шояд тамдиди ҳузури нерӯҳои ИМА дар Ироқ бошад. Тибқи созиши ҳосилшуда, низомиёни амрикоӣ бояд то охири соли 2011 хоки Ироқро тарк намоянд.
Ҷо Байден ахиран аз Афғонистону Покистон ҳам дидан карда буд.
XS
SM
MD
LG