Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Дорфур се корманди СММ рабуда шуданд


Дар минтақаи Дорфур, воқеъ дар шимоли Судон, се сарнишини як чархбол - кормандони Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ рабуда шудаанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ин ҳодиса шоми чаҳоршанбе дар канори шаҳри Ал-Генейна, маркази аёлати Дорфури ғарбӣ, ба вуқӯъ пайвастааст.
Ба иттилоъи шабакаи телевизионии “Ал-Арабия”, ҳамаи рабудашудагон - шаҳрвандони Булғористонанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG