Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: Маскав хостори лағви раводид бо Иттиҳодияи Аврупост


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, изҳор намуд, ки Маскав мехоҳад соли раовн ҳама масоили марбут ба низоми бидуни раводид бо Иттиҳодияи Аврупоро ҳаллу фасл кунад. Ӯ афзуд, "басо муҳим аст, ки ҳарчӣ зудтар аз раводид умуман даст бардорем. Ин санҷиши намоиши стратегӣ будани равобити мо маҳсуб мешавад".
Вазири хориҷии Русия дар нишасти матбуотӣ бахшида ба натоиҷи сол аз изҳороти Парлумони Аврупо дар робита ба ҳукми додгоҳ дар баробари парвандаи Михаил Ходорковский ва Платон Лебедев интиқод кард. Ҳафтаи гузашта бархе аз вакилони Парлумони Аврупо даъват карданд, алайҳи бархе аз мансабдорони Русия, ки дар робита ба парвандаи раҳбарони пешини ширкати ЮКОС болои додгоҳ фишор овардаанд, таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ шавад ва онҳо аз ҳаққи дарёфти раводиди сафар ба Аврупо маҳрум монанд.
Сергей Лавров аз пешниҳоди Теҳрон ба бархе кишварҳо барои боздиди муассисаҳои ҳастаии Эрон истиқбол кард ва аммо гуфт, ки ин боздид наметавонад ҷойгузини тафтиши ин муассисаҳо аз сӯи Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ шавад.
XS
SM
MD
LG