Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 ҳазор манзил дар Квинсленд зери об мондаанд


Обхезӣ дар аёлати Квинсленди Австралия мунҷар ба ҳалокати дасти кам 15 нафар шудааст. Ба иттилоъи мири шаҳри Брисбен, тақрибан 12 ҳазор манзил комилан зери об рафтаанд. Кормандони полис дар волии Локиер, ки рӯзи душанбе обхезии бесобиқа рӯх дода буд, ҷустуҷӯи афроди ғайбзадаро идома медиҳанд.
Ба иттилоъи расмӣ, ба аёлати Квинсленд ба маблағи миллиардҳо доллар осеб расидааст. Сарвазири аёлат Анна Блай ин обхезиро “мудҳиштарин офати табиӣ дар таърихи кишвар” номид.
XS
SM
MD
LG