Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ - нахустин меҳмони хориҷии Байнер


Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, нахустин раҳбари хориҷие шуд, ки ҳангоми сафараш ба ИМА бо раиси нави Маҷлиси намояндагон Ҷон Байнер дидору гуфтугӯ кардааст. Дар изҳороти Байнер гуфта шудааст, ки ӯ ва Саакашвилӣ атрофи зарурати ислоҳоти минбаъдаи Гурҷистон дар роҳи озодиву демократия ва муҳим будани иҷрои ӯҳдадориҳо аз сӯи Тифлис сӯҳбат карданд.
Байнер ҳамчунин ба Саакашвилӣ барои пуштибонии Гурҷистон аз муборизаи Амрико алайҳи терроризм, аз ҷумла, дар Афғонистон ва Ироқ, изҳори сипос кардааст.
XS
SM
MD
LG