Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон доро кист?


Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, 3 дарсад аз ҷамъияти ин кишвар афроди доро ҳастанд. Фирӯз Саидов, коршиноси ин марказ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба гурӯҳи афроди доро дар Тоҷикистон аксаран кормандони сатҳи баланди давлатӣ ва онҳое, ки соҳиби тиҷорати бузурганд, шомил мешаванд.

Аммо вай гуфт, муҳоҷирони кории тоҷикро, ки барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд, намешавад ба гурӯҳи афроди доро дохил кард.

Сӯҳроб Шарифов
Сӯҳроб Шарифов, раҳбари Маркази тадқиқоти вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, то ҳол дар кишвар раддабандии воқеии қишрҳои ҷомеа сурат нагирифтааст.

Вай мегӯяд, худи афроди доро ва сарватманди кишвар моил нестанд, ки бойигариашонро эълом карда худро ё дар қатори афроди доро ва ё нодор бубинанд. Ин дар ҳолест, ки феълан бар асоси иттилоъи расмӣ дар кишвар 43 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар ҳолати камбизоатӣ зиндагӣ мекунанд.



Онҳое, ки бо маоши ҳадди ақал зиндагӣ доранд, бе ҷои коранд ва ё ба майдафурӯшӣ машғуланду ба сахтӣ рӯзи худро мегузаронанд.

Гуфта мешавад, дар соли 2009 Оҷонси омори Тоҷикистон низ талош кардааст, то қишрҳои доро ва камбизоати Тоҷикистонро раддабандӣ кунад.
Фирӯз Саидов, таҳлилгари тоҷик
Фирӯз Сайидов мегӯяд, он вақт бар асоси таҳқиқи Оҷонси давлатии омор 20 дарсад аз аҳолии Тоҷикистон ҳамчун қишри нодортарин шинохта шудаанд, ки ҳоло ин рақам ба 12 дарсад мерасад.

Коршиносон яке аз роҳҳои муҳими мубориза бо коррпусия ва рушди иқтисод дар Тоҷикистонро дар ошкор шудани дороиҳои сарватмандон ва мансабдорон мебинанд.

Мансабдороне, ки доир ба моликияту сарвати онҳо дар байни мардум достонҳои зиёдеро мешунавед, ҳарчанд музди кори онҳо на бештар аз 500 ё 600 доллар гуфта мешавад, ки барои як зиндагии хуб кофӣ нест.
XS
SM
MD
LG