Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2010 гармтарин соли сайораи Замин муаррефӣ шуд


Донишмандони бахши ҳавошиносии ҳукумати Амрико мегӯянд, маълумоти ба даст омада нишон медиҳад, ки соли гузаштаи 2010 гармтарин сол дар сайораи Замин будааст. Аз замоне, ки дар соли 1880 ҷамъоварии маълумот дар бораи иқлими сайора шурӯъ шудааст, соли 2005 гармтарин буд, вале акнун соли 2010 пеш гузашт. Манобеи расмии ҳавошиносии Амрико мегӯянд, бино ба таҳқиқот соли 2010 аз лиҳози боришот низ дар сайора рекордро шикастааст.
XS
SM
MD
LG