Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама ва хонумаш ба аёдати Гиффорд рафтанд


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба шифохона ба аёдати хонум Габриел Гиффорд рафт, ки рӯзи шанбеи гузашта дар як тирандозӣ дар аёлати Аризона сахт захмӣ шуд. Дар ин тирандозӣ 6 нафари дигар ба ҳалокат расиданд. Обама рӯзи чаҳоршанбе ба таври хусуӣ бо хонумаш Мишел ба аёдат рафтанд. Пас аз чанд соати ин аёдат Барак Обама дар маросими ёдбуди 6 нафар кушташудагон дар Аризона ширкат ва суханронӣ мекунад. Пизишкон мегӯянд, ки аз вазъи саломатии хонум Гиффорд хушбинанд. Вале то ҳол маълум нест, ки ин хонум, ки аз сараш тир хӯрдааст, комилан шифо хоҳад ёфт ё хайр.
XS
SM
MD
LG