Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо озодии мухолифони зиндонии Беларусро тақозо кард


Йержӣ Бузек-раиси порламони Аврупо дархост кард, ҳамаи ононе, ки баъд аз интихоботи порламонии Беларус барои тазоҳурот бар зидди Александр Лукашенко-раиси ҷумҳур боздошт шудаанд, аз зиндон раҳо шаванд. Бузек дар иҷлоси вижаи порламон гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо бояд бар режими қонуншикани Лукашенко фишор орад. Раиси порламони Аврупо ҳамчунин хост, 31 нафар фаъолонеро, ки барои ташкили тазоҳуроти эътирозӣ дар Минск рӯзи сешанбе муттаҳам шуданд, аз зиндон раҳо кунанд. Ангела Меркел-нахуствазири Олмон дар Берлин гуфт, Аврупо бояд аз сар гирифтани таҳримҳо бар зидди Беларусро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG