Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ман аз шумори модароне ҳастам,ки дар замони оромиву осоиштагӣ, ки не ҷанг асту на инқилоб, ҷигарбандамро берҳамона куштаанд, вале қотилонаш боздошту муҷозот нашудаанд ва фикр мекунам, ки дасти он гургсиратон олудаи хуни боз чандин нафарони бегуноҳи дигар аст.

Ман, Манзура Саидова, модари 71-солаам.

Соли гузашта, 25 июн дар арафаи ҷашни Ваҳдат, набераи ман Манижаи 19-сола аз хона берун рафту баъди қариб 20 рӯз ҷасади урёнашро аз қабристони русҳо, аз чуқурие ҳамроҳ бо ҷасади ду марди дигар пайдо кардем. Яъне набераи ман ба истилоҳ барраи қурбоние шуд, дар рӯзи иди Ваҳдати миллӣ.

Ҷасади Манижаро аз куҷое ёфта, кормандони милиса ба мурдахона супурдаанд. Дар морг 10 рӯз нигоҳ дошта, пасон ӯро ҳамчун мурдаи бесоҳиб луб-лучи модарзод дар қабристони русҳо, воқеъ дар маҳаллаи Кӯҳдоман (Нагорний) бурда гӯронидаанд.

Духтарам Нигина, модари Манижа бо дастони худаш ҷасади фарзанди ғурамаргашро баровардааст. Вақте мо аз мақомот талаб кардем, ки ташхис гузаронанд ва сабаби марги Манижаро рӯшан ва парвандаи ҷиноӣ боз кунанд, розӣ нашуданд ва бо хулосаи ташхиси аввал, ки гӯё ҳангоми оббозӣ дар дарё ғарқ шудааст, иктифо карданд.

Марги фоҷиабори набераам аз як сӯ қалбамро реш кардаасту аз сӯи дигар бепарвоиву бемасъулиятии мақомоти ҳифзи қонун. Мақомоте, ки дар як давлати озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёд фаъолият мекунад ва вазифаи ҷониаш тибқи Конститутсия ҳифзи шаҳрвандону ҳуқуқи онҳост.

Дар ҳоле ки бо талошҳову ҷустуҷӯҳои ману модараш, як профессори криминалист (духтури мустақил) ташхис карда, хулоса баровард, ки набераи ман дар дарё ғарқ нашуда, балки дар натиҷаи латукӯб кушта шудааст, ба ҳамин ҳам нигоҳ накарда парвандаи ҷиноӣ боз накарданд ва ба замми ин бо роҳҳои ғайриқонунӣ ва машкук аксҳои ҷасади Манижа ва дигар асноду баёнотҳои зарурӣ ба куҷое ғайб заданд. Дар аксҳое,ки баъди аз қабристон пайдо шудани ҷасад гирифта шуда буд, нишонаҳои марги базӯрии Манижа ҳувайдо буд. Се дандони пеш ва биниаш аз зарбаи сахт шикаста буд. Устухони як пояш тавре шикаста ва майдаву пора шуда буд, ки гӯё аз болояш мошин гузашта бошад. Вале дар баданаш осоре аз ғарқшавӣ набуд.

Модари Манижа, ки дилсард аз фаъолияти мақомот гаштааст, худ дар пайи таҳқиқи марги духтараш, 7 моҳ аст, ки сарсону саргардон аст. На хоби роҳат дораду на хотири ҷамъ. Мани сарсахт бошам, намедонам ғами Манижаи ҷавонмаргамро бихӯрам, ки худам бо сад орзуву ҳавас калонаш кардам, ки дар пирӣ асоям мешавад, ё ғами модарашро, ки дар пеши чашмам мисли шамъ об мешавад ва сад дарро дар ҷустуҷӯи адолату ҳақиқат мекӯбад, вале садое намешунавад.

Ҷасади Манижа пас аз 20 рӯзи нопадидшавии ӯ пайдо шудааст
Аз чӣ бошад, ки тамоми муроҷиатҳои хаттӣ ва ҳузурии моро на Вазорати корҳои дохилӣ, на додситони ноҳияи Фирдавсӣ ва на додситони кулл ба инобат нагирифтанд. Ҳақталабиҳо ва исрорҳои пайвастаи мо, пайвандонро, нодида гирифта, ҳатто нафаронеро, ки ҳамон рӯзи наҳс ҳамроҳи Манижа буданд, бо чандин баҳонаҳо накофтанду напурсиданд. Танҳо яке аз дугонаҳои Манижаро, ки ҳамон рӯз ба ӯ занг зада, ӯро бо худ бурда буд, ҳамагӣ як бор даъват кардаву пурсиданд. Он духтар иқрор шудааст,ки Манижа ғарқ нашудааст, ӯро 8 кас зада-зада куштаанд.

Баъди додани чунин баёнот он духтар ба куҷое ғайб зад ва мо дигар ӯро пайдо карда натавонистем. Баъдан ба мо гуфтанд, ки вай аз қайди Душанбе баромада ба Русия кӯчидааст. Танҳо маълумоте, ки дар бораи он духтар дар даст дорем, аз гуфтаҳои худи Манижа аст, ки вай Наташа ном дорад ва чанд бор бо итиҳоми дуздӣ ба дасти милиса афтодаву дар қайди мақомоти интизомӣ будааст.

Вале чизе,ки мо сад дар сад ба он итминон дорем ҳамин аст, ки Манижа қурбони хуву хислати худ гашт. Манижаву се хоҳарашро ману бобояш калон кардем. Модараш, ки танҳо бори таъмини фарзандонро мекашид, бисёрии вақти худро дар кор мегузаронд.

Хонаводаи мо зиёӣ буда, ману шавҳарам беш аз 50 соли умрамонро сарфи омӯзгорӣ ва фаъолият дар ниҳодҳои давлатӣ кардаем. Ман худ собиқ депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ҳастам. Мо ки худ тамоми умр бо заҳмату меҳнати ҳалол луқмаи нон ёфтаем ва беадолатӣ, дурӯғу бӯҳтон ва ҳаққи мардумхӯриро дӯст намедорем, фарзандону набераҳоро ҳам чунин тарбият кардем. Манижа ростгӯву ҳақталаб ва нотарсу боҷасорат ва ҳамзамон раҳмдил буд. Бо умеду орзуҳои бисёре Манижаро баъди хатми мактаб,ба Донишгоҳи иноватсионӣ-комуникатсионии Тоҷикистон дохил кардем.

Дар як муддати кутоҳ ӯ ҳамчун донишҷӯи аълохон ва фаъол дар миёни муаллимон ва ҳамсабақонаш ном баровард. Ҳусни расо ва қаду қомати зебо дошт. Аз хурдӣ ба варзиш шавқ, ки дошт ҷисмаш бақуввату мардҷусса буд. Дар бозии баскетбол ҳамто надошт. Дар маҳалламон агар ягон писари бедаб аз маҳаллаи дигар ягон писари ҳамсояро мезад ё меранҷонд,ӯ омада, Манижаро мебурд, то адаби он беадабро диҳад.

Ҳа,хаёлан ба аёми наврасиҳои Манижа рафтам ва аз мавзӯи сӯҳбат дур шудам. Ҳамагӣ як моҳ пеш аз маргаш Манижа шоҳиди як қоуншикании кормандони милиса дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт шудаву нотарсонаву беибо ба онҳо гуфтааст, ки ҳатман ин амали нодурусту ғайриқонунии онҳоро рӯйи об мебарорад. Баъд аз ин ӯро чанд бор ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур даъват карданд. Аз онҷо ҳар бор асабониву нороҳат бармегашт, вале ба мо чизе намегуфт. Баъдан одамони ношинос ба ӯ занг задаву таҳдидаш мекарданд, ки бехуду хашмгин мегуфт: «Наход дар олам адлу инсоф набошад. Агар аз қонун наметарсед, аз худо битарсед...» ва то чанд муддат хомӯшу ғамгин менишаст.

Ман дили ғамзадамро мисли суфра пеши шумо боз кардам, ки андаке дардам сабук шавад.Ҷомеае, ки ману насли мо умрамон ва нерӯву дониш ва тавонмандиҳоямонро сарфи ободиву пешрафташ кардаем, магар ба ман ҳамин гуна подош медиҳад, ки расидан ба ҳақ, ошкор кардани қотили марги ҷигардабандам, коре гаштааст бароям сангину камаршикан?

Шояд касе ҳам ёфт шавад, ки гӯяд: бо кофтану ёфтани қотили Манижа магар ӯро зинда мекунӣ? Не, зинда намекунам, вале як наварӯси дигареро, ки ҳанӯз ягон орзуяшро нашикаставу, пироҳани арусӣ ба бар накардааст, шояд тавонам аз дастони то оринҷ олудаи хуни он қотилони даррандасират наҷот диҳам.

Манзура Саидова, бознишаста, сокини шаҳри Душанбе.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG